Русия 5 намунаи ваксинаи зидди коронавирусро омода кард

Русия 5 намунаи ваксинаи зидди коронавирусро омода кард
Татяна Голикова, ноиби сарвазири Русия, вазъияти марбут ба коронавирусро дар кишвар шарҳ дода, таъкид намуд, ки аллакай чанд намунаи ваксинаи зидди ин бемориро омода кардаанд

 Намунаи зиндаи коронавирус дар Русия вуҷуд дорад, изҳор дошт Голикова, ноиби раиси ҳукумати Русия.

Ба гуфтаи ӯ, феълан мутахассисони Русия ба коркарди ваксина зидди коронавирус машғул буда, то ҳол 5 намунаи ваксина алайҳи ин бемориро омода намудаанд.

Ҳукумати Чин рӯзи 31 - уми декабри соли гузашта ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар дода буд. Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад.

Аз нишонаҳои асосии мубталошавӣ ба ин беморӣ табларза, сулфа, фишор дар қафаси сина ва нафастангӣ арзёбӣ мешавад.

Тибқи омори расмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ба ҳолати 26 феврал дар дунё 81 ҳазор нафар мубталои коронавирус мебошанд. То ҳол теъдоди ҷонбохтагон аз коронавирус марзи 2,8 ҳазор нафарро убур кард.

Ба гузориши мақомоти тандурустӣ то ҳол дар ҷаҳон табибон тавонистанд, 25 ҳазор мубталои бемории коронавирусро муолиҷа кунанд.

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Ирон, Олмон, ИМА, Австралия, Ветнам, Ҳонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндия, Кореяи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий