Мошинрони машҳури олмонӣ Михаэл Шумахер ба ҳуш омадаст

Мошинрони машҳури олмонӣ Михаэл Шумахер ба ҳуш омадаст
Мошинрони машҳури олмонии Формула - 1 Михаэл Шумахер, пас аз бардоштани осеби вазнини мағзи сар аз соли 2013 ба ин сӯ дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт

Қаҳрамони ҳафт каратаи сабқатҳои мошинронии Формула-1 Михаэл Шумахер пас аз 6 соли беҳушӣ ба худ омадаст, навиштааст рӯзномаи фаронсавии "Le Parisien".

Пизишки яке аз беморхонаҳои шаҳри Париж, ки Шумахерро барои гирифтани табобат ба ин ҷо овардаанд, дар мусоҳиба ба рӯзномаи мазкур тасдиқ намудаст, ки қаҳрамон дар бемористони онҳо қарор дорад ва алъон ӯ ба ҳуш омадаст.

Инчунин дар хабари омадааст, ки барои аёдати ин нобиғаи варзиш Президенти Федератсияи байналмилалии автомобилӣ Жан Тодт низ ташриф овардаст. Жан Тодт як замон роҳбари "Феррари" буду дар ҳайати тими ӯ Михаэл чун сарнишин фаъолият дошт ва 5 маротиба қаҳрамони ҷаҳон низ гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгари олмонӣ моҳи декабри соли 2013 ҳангоми дар яке аз осоишгоҳҳои кӯҳҳои Алпи Фаронса ба лижаронӣ машғул шудан, аз сараш осеби ҷиддӣ бардошт ва то имрӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт.

Сарфи назар аз хабарҳои зидду нақиз дар бораи ба худ омадани Михаэл Шумахер, то кунун дар мавриди саломатии ӯ иттилои расмӣ руйи даст нест.

Комментарии (0)

Оставить комментарий