КУШТОРИ ҶАВОНИ 17-СОЛА БАРОИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ

КУШТОРИ ҶАВОНИ 17-СОЛА БАРОИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ
Чанд лаҳза пеш Ёсин ном сокини водии Ҳисор бо хабарнигори сомонаи “Oila.tj” дар тамос шуда, хабар дод, ки дар ноҳияи Шаҳринав як ҷавони 17-соларо барои телефони мобилӣ бераҳмона ба қатл расонидаанд. 

Дар куштори ин ҷавони бегуноҳ сокини 45-солаи ноҳияи Шаҳринав бо лақаби Қубон-девона гумонбар дониста мешавад.

Ба гуфти Ёсин ин мард бо дуздӣ машғул буда, мудом молу амволи мардумро ғорат мекардааст. Тахминан як ҳафта пеш Қурбон-девона аз дохили як автомашинаи сабукрав, ки соҳибаш онро дар канори роҳ монда ба бозор даромада буд, телефони мобилии тамғаи iphon-х-ро медуздад. Ҷавони кушташуда тасодуфан шоҳиди ғоратгарии Қурбон-девона гашта, таҳдид менамояд, ки агар телефонро ба соҳибаш бар нагардонад, вай ба милиса хабар медиҳад.

Дуздию пештозӣ гуфтагӣ барин, дузди 45-сола шоҳиди ҳодисаро ончунон бераҳмона мезанад, ки ин ҷавони бегуноҳи 17-сола ба ҳалокат мерасад. Барои пинҳон намудани ҷинояти содир кардааш Қурбон-девона ҷасади ҷавонро ба чоҳ партофта, аз ҷойи ҳодиса фирор менамояд.

Пайвандонаш танҳо пас аз як ҳафтаи ҷустуҷӯю сарсониҳо ҷисми беҷони ин ҷавони ормониро, ки ба хотири адолат ҷон ба ҷонситон супорида буд, аз дохили чоҳ пайдо кардаанд.

Ба қавли Ёсин ҷасади ҷавон дар қаъри чоҳ аллакай ба вайроншавӣ сар карда, бӯй гирифтааст.... 

подробнее тдж: https://oila.tj/news/sharinav-kushtori-avoni-17-sola-baroi-telefoni-mobil

Комментарии (0)

Оставить комментарий