Дар назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи васеи корӣ доир гардид

Дар назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи васеи корӣ доир гардид
Дирӯз дар назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо иштироки муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи васеи корӣ доир гардид.

Дар ҷаласа Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омодагӣ ба истиқболи сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маъракаҳову чорабиниҳои сатҳи давлативу ҷумҳуриявӣ суханронӣ намуд.

Зимни суханронии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таваҷҷуҳи хос ба ҷамъбасти чорабинињои муҳимми бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонгардида, махсусан озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ…», «Фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарњои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», бунёди иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳру деҳот аз қабили ҳаммому сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳо, беҳтар гардонидани вазъи мактаб-интернатҳо, таъсиси ҷойҳои кории нав, расму оини мардумӣ ва зарурати танзими онҳо, гиромидошти забони давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, зиёни хурофот ва бегонапарастӣ ва ғайра зоҳир гардид.

«ВАО, аз ҷумла телевизион ва радио, чорабиниҳои муҳими сатҳи давлатӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявиро ба таври густурда ва саривақтӣ инъикос намоянд, то мардум аз мақсади баргузорӣ ва моҳияти онҳо бохабар бошанд», — таъкид дошт А. Раҳмонзода.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба масъулин таъкид намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои болозикр чораҳои мушаххас ва таъхирнопазир андешанд.
 

Комментарии (0)

Оставить комментарий