Ҷабинҳои хуншору манзилҳои зери лой: 10 акс аз ҷойи ҳодиса - офати табиӣ дар Панҷакент

Ҷабинҳои хуншору манзилҳои зери лой: 10 акс аз ҷойи ҳодиса - офати табиӣ дар Панҷакент

Сел дар шаҳри Панҷакент як манзилро пурра шуста, ду нафарро бурд. Ҷасади яке аз ғарқшудагонро сокинон пайдо карданд. Рӯзимурод Раҳмонов ҳоло дар ҷустуҷӯст

Санаи 4-уми июн тахминан соати 14:00 бар асари боришоти пайдар пайи борон ва жола дар деҳаи Рӯзиобноки ҷ/д Ёрӣ сел омад. Дар натиҷа як хонаро пурра шуста бо худ ду нафар (Раҳмонов Суннатулло соли таваллуддаш 1981 ва Раҳмонов Рӯзимурод соли тав 1964 )ро бурд. Тибқи иттилои сардори раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Панҷакент Парвиз Амонов ҷасади Суннатулло дарёфт шуда, ҳануз Раҳмонов Рӯзимурод дар ҷустуҷӯст.

Айни ҳол дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент 5 нафар зарардидагон бистари шуда, ҳолати онҳо хуб арзёби мегардад.

Раиси шаҳр дар ҷои ҳодиса ҳозир шуда дар ситод ба масъулин ҷиҳати ҳарчи зуддар рафъ намудани хисорот супориши қатъи дода техникаҳои зарурро барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиии сафарбар намуд.

Ҳамзамон дар ин мавзеъ ки шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент аст қариб 2 соат роҳ баста буд.

Гуфта мешавад, ки ҳаҷми хисорот ҳанӯз муайян нашудааст.


Комментарии (0)

Оставить комментарий