class="attachment-tie-medium" alt="Группа"/>

АХБОРИ ОҶИЛ:

Парвози махсус: бештар аз сад шаҳрванди Тоҷикистон аз Укроин баргаштанд

Дар маҷмуъ рӯзи 29 июл 144 нафар аз Укроин ба Тоҷикистон оварда шуданд, ки 109 нафарашонро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35 нафарро тоҷиктаборони Украина ташкил медиҳанд

Бештар аз сад шаҳрванди Тоҷикистон аз Укроин баргаштанд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ,29 июл дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 109 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон  тавассути    парвози чартерӣ ба Душанбе оварда шуданд.Парвозро ширкати ҳавопаймоии укроинии Joniкa аз Киев ба Душанбе анҷом додааст.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзудааст, дар маҷмуъ рӯзи 29 июл 144 нафар аз Укроин ба  Тоҷикистон  оварда шуданд, ки 109 нафарашонро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35 нафарро тоҷиктаборони Укроинро  ташкил медиҳанд.

Пештар вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод, ки дар замони пандемия дар маҷмӯъ 4 ҳазор шаҳрвандти Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуданд.



Добавить комментарий

Добавить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив