class="attachment-tie-medium" alt="Группа"/>

АХБОРИ ОҶИЛ:

12 ҳазор биёр: боздошти ҷавонзан, ки пас аз ҳамхобагӣ бо сокини Восеъ, ӯро "шантаж" мекард

Кормандони пулиси ноҳияи Восеъ аз боздошти як зан хабар медиҳад ки дар “шантаж”-и марди 53 сола муттаҳам мешавад

Бино ба гузориши Вазорати умури дохилии кишвар бо чунин ҷурм Шералиева Саида, сокини маҳаллиро боздошт кардаанд, ки бо ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда як нафар сокини ҳамин ноҳияро таҳдид намуда, маблағҳои пулӣ ба даст овардааст.

“Дастгиршуда бо як нафар сокини 53 сола ҳамхобагӣ намудаву пас аз чанд рӯз ӯро таҳдид менамояд, ки агар 12 ҳазор сомонӣ оварда надиҳад, ӯро беобрӯ мекунад” ,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, бо ҳамин усул Шералиева аз марди 53 сола марҳила ба марҳила 12 ҳазор сомониро гирифтааст.

Гуфта мешавад, боздоштшуда зимни бозпурсӣ иқрор шудааст, ки ин амалашро барои ба даст овардани маблағ кардааст.

ВУД мегӯяд, айни ҳол нисбат ба шералиева парвандаи ҷиноӣ боз гашта, тафтишот идома дорад.



Қаблан мақомот аз боздошти ҷавонон хабар дода буд, ки пас аз шиносоӣ бо телефон ва интернет аз ҷавонзанон ва духтарон бо усули "шантаж" пул гирифта буданд. 

Аммо ин нахустин ҳолат аст, ки зан аз мард бо роҳи таҳдиди интишори маълумоти беобрӯкунанда пул меситонад.



Добавить комментарий

Добавить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив