class="attachment-tie-medium" alt="Группа"/>

АХБОРИ ОҶИЛ:

Геологияи тоҷик гуфт, сокининон дар чанд минтақа метавонанд тилло шӯянд



Саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд, бо дастури ҳукумат минтақаҳои тиллошӯиро барои фаъолияти фардӣ дар кишвар қитъабандӣ кардаанд

Оймаҳмадзода Илҳомҷон, роҳбари Саридораи геологияи тоҷик имрӯз зимни як нишасти хабарӣ  гуфт, то имрӯз дар кишвар 145 қитъаро муаян кардаанд, ки сокинон метавонанд дар он ҷой тилло шӯянд.

Ба иттилои манбаъ,  ин минтақаҳоро  дар ҳудуди 900 киллометир дар шаҳру навоҳии Айнӣ, Бохтар, Ванҷ, Дарвоз, Дӯстӣ, Лахш, Масчоҳи кӯҳӣ, Муминобод ва Мурғоб ҷудо кардаанд.

Манбаъ водии Зарафшонро мисол оварда гуфт,  дар ин минтақа 31 қитқи тиллошӯӣ муаян шудааст, ки 8 то дар Масҷоҳи кӯҳӣ, 13 то дар Айнӣ ва 8 қитъа дар Панҷакент мебошад.

Номбурда гуфт, шаҳрвандон баъди иҷозатномаи Вазорати молия метавонанд озодона ба тиллошӯйӣ дар ин минтақаҳо машғул шаванд.

Ӯ гуфт, барои фаъолияти фардии тиллошӯйӣ баъзе талаботҳо ҳаст, ки яке аз он техникаи истифодашаван набояд аз 50 қувваи асп зиёд набошад.

Қаблан Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти расонаӣ гуфт, ки тарҳи ироаи иҷоза ба шаҳрвандон бобати истихроҷи тилло ва дигар фулӯзоти қиматбаҳо бо ибтикори раисҷумҳури кишвар таҳия шуда, ба шаҳрвандон ҳуқуқи истихроҷи мустақилли тиллоро хоҳад дод. Барои ин шаҳрвандонро мебояд танҳо аз вазорати молия иҷоза дарёфт кунанд.

Номбурда гуфт, бар асоси ин тарҳ, шаҳрвандон дар ҷойҳое, ки дар ихтиёри ягон ширкат нест, тилло истихроҷ хоҳанд кард.

Шаҳрвандон тиллои тавлидшударо озодона ба ниҳодҳои молии кишвар хоҳанд фурӯхт ва ин ниҳодҳо нархи хариди тилло аз шаҳрвандонро таъин хоҳанд кард.


Добавить комментарий

Добавить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив