Тасдиқи фавти дигар аз COVID-19 дар Тоҷикистон: омори нави расмӣ

Тасдиқи фавти дигар аз COVID-19 дар Тоҷикистон: омори нави расмӣ


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон омори нави сироятёбӣ, фавт ва шифоёбӣ аз коронавируси навъи COVID - 19 дар Тоҷикистонро нашр кард

Бар пояи омори нав, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 мавриди фавт бар асари он ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз 30 апрел то 8 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6364 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5011 (78,7%) нафар беморон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 54 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 220 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 46 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ таъкид карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Гуфта мешавад, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Дар баробари ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий