Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID-19 дар Тоҷикистон


Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавируси навъи COVID-19 ошкор гардид

Дар давоми 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 4 июл ба 6159 нафар расид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, то имрӯз дар кишвар 4809 нафар ё худ 78,1%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 220 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 47 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — омадааст дар хабарнома.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Вазорати беҳдошт мегӯяд, дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ беш аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий