class="attachment-tie-medium" alt="Группа"/>

АХБОРИ ОҶИЛ:

Даргузашти собиқ ноиби вазири мудофиа ва мушовири дастгоҳи Президент



Профессор Абдусамад Самиев, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон дар синни 72-солагӣ бар асари дарди қалб дунёро падруд гуфтааст

Самиев, доктори илмҳои фалсафа, 22 апрели соли 1948 дар ноҳияи Рашт таваллуд шуда, 28 июни соли 2020 ҷон ба ҷонофарин таслим намудаст. Сабаби даргузашти Самиев дарди дил арзёбӣ мешавад.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1972 буда, бар асоси варақаи нашркардаи Академияи улум, солҳои 1991 – 1993 муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон будааст.

Бар асоси ҳолномаи нашршудаи Самиев, ӯ ҳамчунин ба ҳайси сардори Маркази таҳқиқотии ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, 2003-2006 мушовири Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор кардааст. Инчунин сардори шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон будааст.

Манбаъ афзуд, ки аз соли 2000-ум профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон буда, аз соли 2015 ба ҳайси ходими пешбари шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи  Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.

Таъкид шудааст, ки марҳум муаллифи зиёда 100 корҳо дар риштаи фалсафаи иҷтимоӣ, ҳуввияти миллӣ ва идеяи миллӣ буда, дар конфронсҳои зиёди байналмилалии бахши амниятӣ иштирок доштааст.


Добавить комментарий

Добавить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив