class="attachment-tie-medium" alt="Группа"/>

АХБОРИ ОҶИЛ:

Муҳоҷири 59-солаи тоҷик аз ошёнаи нуҳум сарозер шуда, ҳалок гардид

Дар вилояти Калугаи Русия устои хишкоре аз Тоҷикистон ҳангоми фаровардани масолеҳи сохтмонӣ аз ошёнаи нуҳум сарозер шуда, дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст

 Дар шаҳри Обнински вилояти Калугаи Русия ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ як муҳоҷири тоҷик аз баландӣ афтода ҳалок шуд, хабар медиҳад Кумитаи тафтишотии Русия.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 29 июн дар майдони сохтмоние дар шаҳри мазкур рух додааст.

Тавре Кумитаи тафтишотӣ менависад, устои хишткори тоҷик 59 сол дошт. Ӯ дар ошёнаи 9 қарор дошт ва масолеҳи сохтмониро мефаровард.

"Ҳамин вақт масолеҳи сохтмонӣ мерезад ва мард аз баландӣ ба ҳудуди берун аз майдони корӣ меафтад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар натиҷа, муҳоҷири 59-солаи тоҷик дар ҷои ҳодиса ва то расидани ёрии таъҷилӣ ҳалок шудааст.

Тафтишоти қазия идома дорад.



Добавить комментарий

Добавить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив