Аз интихоботи шаффоф то мушкилоти сарҳад

Аз интихоботи шаффоф то мушкилоти сарҳад
Мусоҳибаи Шариф Ҳамдампур бо собиқ Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев
Сарро метавон бурид, аммо забонро не

 — Қирғизистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дар ибтидои қарни XXI ду бор табаддулот аз сар гузаронд ва мардум дар дигар кардани ҳукумат нақши асосӣ дошт. Сабаб чист, ки чунин ҳодиса рух дод, чаро сарварони давлати Шумо фирор намуданд ва имрӯз дар кишварҳои бегона умр ба сар мебаранд?

Дар Қирғизистон мардуме зиндагӣ доранд, ки аз дигар халқҳои Осиё фарқ мекунанд. Дар Қирғизистон дар тӯли таърих ҳукумат, пешвоён, роҳбаронро ҳамеша мардум интихоб мекарданд. Касе, ки кӯшидааст худро ҳокими мутлақ, хон эълон кунад, ноком шудааст. Дар таърихи мо ҳамин гуна як хон буда, ки дар ниҳоят аз дасти қирғизе кушта шуд. Ҳукумати меросӣ, ҳукумати худкомаро мардуми мо қабул надоранд. Дар тӯли таърихи дуҳазорсолаи Қирғизистон мо роҳбарони худро фақат интихоб намудаем. Ба мо «демократияи шаффофи кӯчӣ» (кочевая демократия) мақбул аст, ки адолат ҷавҳари он аст.

Зарбулмасале дорем: «Сарро метавон бурид, аммо забонро не», яъне озодии андеша болотар меистад. Мардуми қирғиз ҳукумати муштзӯру ва беадолатро таҳаммул карда наметавонад. Агар роҳбарони пешин дар асоси адлу инсоф ба халқ муносибат мекарданд, албатта, ду бор инқилоб намешуд. Ҳукуматҳои тамоми кишварҳо бояд боадолат бошанд, вагарна ҷон ба саломат бурда наметавонанд. Мо дар зарфи 7-8 сол шоҳиди ду инқилоб  будем. Президенте, ки баъди Акаев ба сари ҳокимият омад, роҳбари бад буд ва соли 2010 инқилоби дувум сар зад. Бо амри тақдир ман дар маркази ин ҳаводис будам. Баъзан мегӯянд, ки 7 апрели соли 2010 касе ин инқилобро ташкил ва роҳандозӣ кард. Ин андешаи беасос аст. Масалан, худи ман дар маҳбас будам. 6 апрел наздам як афсар омад ва қавл дод, ки барои пурсиш мебарад, сипас ба хона бармегардонад. Аммо ба қавлаш вафо накард. Маро ба ҳабс гирифтанд. Ман он бегоҳ гуфтам, ки агар роҳбарони мухолифинро ба ҳабс гиранд, пагоҳ мардум ба кӯчаву хиёбонҳо мерезанд ва дигар касе пеши роҳи онҳоро гирифта наметавонад. Ҳукумат роҳи дигар: роҳи зӯровариву кушторро пеш гирифт ва 7 апрел,  дар зарфи 7 соат, 80 нафар кушта шуданд. Ҳар 8 дақиқа як нафарро парронда бошанд ҳам, касе майдонро тарк накард.Инқилоб натиҷаи нодонӣ, аҳмақӣ ва беадолатии ҳукуматдорон аст, бовар кунед, ҳамин тавр ҳаст. Аз ҳамаи ин ҳаводис бояд дуруст натиҷагирӣ намуд. Мо, масалан қарор додем, ки шакли идораи парлумонии президентиро қабул намоем, зеро ҳамин гуна тарзи идораи давлат ба мардум мақбул аст. Ин тарзи давлатдорӣ намегузорад, ки зуҳуроти номатлуби шахспарастиву худкомагӣ дар ҷомеа роҳ ёбад.
Ҳоло Қирғизистон кишвари орому осуда аст. Қариб ҳар рӯз ду намоиш баргузор мешавад. Ман тамоми чораҳои имконпазирро меандешам, ки кишвар ҳамеша бо роҳи демократӣ рушд ёбад. Барои ин мо ҳама имкониятҳоро дорем. Вақте мегӯянд, ки Қирғизистон кишвари қашшоқу камбизоат аст, бовар накунед. Ҳарчанд ММД дар таносуби шумори аҳолӣ он қадар баланд нест. Мо тавонистем нафақа, маошро ду баробар зиёд кунем. Вақте ки се сол қабл инқилоб рух дода буд, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид гардид. Мо ҳоло интизомро тақвият медиҳем, бар зидди ришвахорӣ муборизаи беамон мебарем. Имрӯз дар маҳбас намедонам хуб аст ё бад, се-чор вазир, ҷонишинони вазирон, вакилон нишастаанд. Дар зарфи 20 соли истиқлолият ягон нафар судя ҳабс нашуда буд. Ҳоло қариб ҳар моҳ якеро аз кор мегиранд, дигаре бо ришва ба даст меафтад. Ман қаблан бовар надоштам, ки Шӯрои судяҳо метавонад сафҳои худро тоза кунад. Ҳоло ин раванд идома дорад. Бовар кунед, мо роҳи худро ёфтаем ва медонем онро чӣ тавр сипарӣ намоем. Мо Стратегияи рушди устувори кишварро то моҳи декабри соли 2017 қабул намудем. ҳоло натиҷаи иҷрои ин нақшаҳоро дар семоҳаи аввали сол баррасӣ намудем. Дар нақша на танҳо бахши иқтисод, ҳатто боби «интихоботи шаффоф» ҳам ҳаст. Ба ақидаи мо, барои Қирғизистон доир намудани интихоботи шаффоф баробари рушди иқтисодиёт аҳамиятнок мебошад. Баъзан ба ман савол медиҳанд: «Баъди ту чӣ хоҳад шуд?». Ман мегӯям, ки баъди ман беҳтаринҳо меоянд ва хубтар кор мекунанд, зеро мардуми мо намегузоранд, ки роҳбарон бад кор кунанд. Ман тамоми чораҳои имконпазирро меандешам, то ин раванд ба низом дарояд.

— Шумо нисбати роҳбарони пешин чизе нагуфтед?
  — Ман намехостам фаъолияти онҳоро манфӣ арзёбӣ кунам, ки баъдмеомадаҳо чунин муносибатро нисбати ман раво бинанд. Ҳаминро мегӯям, ки Худованд ба онҳо имконият фароҳам сохта буд, чунин бахт насибашон гашта буд, аммо онҳо истифода карда натавонистанд. Ба мардум хизмати ҳалолу беғаразона накарданд ва имкониятро аз даст доданд. Барои ман нофаҳмост, ки Президенти дувум мегуфт: «Ман ҳукуматро осон аз даст нахоҳам дод, мухолифонро бо автомат нобуд месозам». Ман ба гуфтаи Худо бовар дорам, онҳо ва муқаррабонашон барои аъмоли худ ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират ҷазо хоҳанд дид. Фарҷоми кори онҳо ибратомӯз аст ва дигар чунин президентҳо сари қудрат намеоянд. Ҳаминро мегӯям, ки мо бояд интиқоми ноҳақкушташудагонро талаб кунем, дигар ҳаволаашон ба Худо.

Чӣ муҳимтар- ВАО-и мустақил ё ҳукумат?
Дар сухангӯии Шумо як навъ норозигӣ аз фаъолияти рӯзноманигорони Қирғизистон ҳис мешавад. Дар кишвари Шумо қариб якуним ҳазор ВАО фаъолият мекунанд. Ба назари Шумо онҳо таҳти назари ҳукумат қарор надоранд?
— Ман чунин меҳисобам, ки ҳар қадар ВАО-и ҳукуматӣ камтар бошад, беҳтар аст. Аммо барои амнияти иттилоотӣ шояд чанд шабакаи телевизионӣ фаъолият кунанд. Вале дар оянда бояд ВАО бештар хусусӣ ва ҷамъиятӣ бошад. Ман фаъолияти ВАО-и Қирғизистонро барои он танқид менамоям, ки кормандонашон сатҳи касбияти худро баланд бардоранд, ба манфиати кишвар кор кунанд, масъулияти маънавию ахлоқиро бар уҳда дошта бошанд. Ман ҷонибдори он нестам, ки ягон рӯзномаро банданд. Баръакс, ба онҳо кумак кардан даркор аст. Мушаххасан ба саволи «ВАО — и мустақил муҳимтар ё ҳукумат» ҷавоб медиҳам, ки ВАО-и мустақил муҳимтар аст. Вале, вақте аз Худо натарсида, туҳматнома менависӣ, бояд барои ҳар суханат ҷавоб диҳӣ. Масалан, «Московский комсомолец в Киргизистане» навиштааст, ки Атамбоев дар Туркия тиҷорати мамнӯъ дорад. Ман ишораи онҳоро мефаҳмам. Вақте ки Боқиев президент буд, навиштанд, ки Атамбоев дар Туркия фоҳишахонаҳо дорад. Ман ба Бобоқулов (роҳбари рӯзнома) гуфтам, ки ҳар чизе, ки дар Туркия дорам, туҳфа мекунам, гирад, ҳаққу ҳалолаш шавад. Магар ин гуна мақолаҳоро бо демократия иртибот додан дуруст аст? Озодии сухан ҳамин аст? Инҳо туҳматномаҳои дилгиркунанда ҳастанд. Бо вуҷуди ҳамаи норасоиҳо ман ҷонибдори ВАО — и мустақил мебошам, зеро онҳоро ҳама қишрҳои ҷомеа мутолиа мекунанд. Рӯзномаҳои хуб, гузоришу мақолаҳои пурмуҳтаво ва беғаразона обрӯйи ВАО-ро меафзояд. Се сол пеш барои озодии баён мекуштанд. Дар рӯ ба рӯйи театри мо лаҳваи рӯзноманигор Геннадий Павлюк ҳаст, ӯро аз қабати шашуми бино партофта буданд. ВАО масъулияти бузурги поксозии ҷомеаро ба уҳда дорад. Бештар ҳақиқатро менависанд. Кӣ аз ҳақиқат метарсад? Дуздон, ришвахорон. Дар ин росто ВАО-ро чизи дигаре иваз карда наметавонад. Бигузор бо вуҷуди ноқисиву камбудӣ доштанашон, ВАО бошанд ва мо ба онҳо бояд кумак расонем. Вазифаи давлат бо онҳо ҳамкорӣ ва кумак расонидан мебошад. Ҳоло мардум чизе, ки ба дасташон афтад, мехонанд. Замоне фаро мерасад, ки хонанда интихобан ҳамон рӯзнома, ҳамон сомонаеро мехонад, ки ҳақиқатро инъикос намудааст. Ман чунин меҳисобам, ки бояд давлат ба фаъолияти онҳо дахолат накунад. Инсони бомаърифат ҳамеша наҷобати худро бояд нишон диҳад. Албатта, рӯзноманигор ҳам бояд қадру манзалати худро донад.

— Ҷаноби Президент, чанде қабл вазир Султон Раев изҳор намуд, ки дар Қирғизистон фурсат расидааст, ки масъулияти сомонаҳо ва ВАО дар як поя қарор дода шавад. Дар ин маврид чӣ мегӯед?
— Ман аз ин хабар надорам ва моҳияти масъаларо шарҳ дода наметавонам. Сайтҳои интернетӣ барои ман имрӯз ҳамчун ВАО ҳастанд. Вазири фарҳанг чӣ мехост, намедонам. Шуморо бовар мекунонам, ки агар ин иқдом бо мақсади маҳдуд сохтану ҳалқа бар гардан задан бошад, ҳаргиз ба он роҳ нахоҳам дод. Дар сурате ки ман ҳамаи инро таҳаммул мекунам, онҳо ҳам бояд таҳаммул намоянд. Кам намешаванд, манфиат бештар аст.

 Иттиҳоди гумрукӣ чӣ медиҳад?
— Қирғизистон тасмим дорад соли 2015 ба  Иттиҳоди гумрукӣ бипайвандад. Аз узвият ба ин Иттиҳод чиро интизоред?
— Дар ҳақиқат, Қирғизистон дар соли 2015 ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид хоҳад шуд. Роҳбарияти кишвар ҳам ҳаминро мехоҳад. Мо бояд то анҷоми соли равон барои пайвастан ба Иттиҳод нақшаи роҳҳои воридшавӣ ба онро таҳия намоем. Ҳоло маълум нест, ки Қирғизистон чӣ гуна ба Иттиҳод пазируфта мешавад. Фурсат лозим аст. Ҳуҷҷатҳои зиёде таҳия ва қабул кардан, онҳоро бо комиссияи АвруОсиёии Иттиҳоди гумрукӣ мувофиқа намудан даркор. Ин ҷо як азми Қирғизистон кифоя нест. Бояд аъзои Иттиҳоди гумрукӣ барои қабули Қирғизистон овоз диҳанд. Албатта, Қирғизистон ҳам мисли Беларус ва Қазоқистон баъзе имтиёзҳо талаб хоҳад кард.

— Дар масъалаи Иттиҳоди гумрукӣ ҳоло як вазъияти мураккаб ба миён омадааст. Масалан, дар Қазоқистон эътирозҳое ба мисли «Бародарони қирғиз иштибоҳ накунед!» ба гӯш мерасанд. Ба андешаи Шумо, неруҳое ҳастанд, ки орзуи зери домони «Қабои шӯравӣ» ғунҷиданро барбод медиҳанд?
— Не, ман дар бораи «Қабои шӯравӣ» орзу намекунам. Ҳарчанд ки  мо аз зери «Қабои шӯравӣ» баромадем. Таманнои ман он аст, ки сокинони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ба ҳам наздик, меҳмони ҳамдигар бошанд, миёнашон сарҳад набошад. Мардум ҳоло аз чунин имконот маҳруманд. Масалан, мо бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамсарҳад ҳастем. Ҳатто, ҳолатҳое ҳастанд, ки сарҳад як деҳаро тақсим мекунад. Ту ин тарафи сарҳаду фарзандат он тараф. Магар ин дуруст аст? Албатта, ин мушкилотро ҳал бояд кард. Дар бораи даъватҳое, ки ба Иттиҳоди гумрукӣ дохил нашавед мегӯянд, ақидаи ман ин аст, ки ҳама тарафҳои мусбат ва манфии ин масъаларо амиқ омӯхтан даркор. Мардуми мо фарқи хубу бадро нағз медонад, ба онҳо моҳияти масъаларо беғаразона фаҳмонда додан лозим аст. Мо тамоми ҷанбаҳои ин масъаларо муҳокима намудем, мардум ҳам дар ниҳояти кор бояд дарк намоянд, ки ба Иттиҳоди гумрукӣ пайвастан бештар манфиат дорад.

-Аз тариқи расонаҳои хабарӣ изҳороти раиси Ассотсиатсияи ҳамкориҳои сарҳадии Қазоқистон Марат Шибутов пахш гардид. Дар он гуфта мешавад, ки Қирғизистон ва Тоҷикистонро наметавон ҳамчун узви комилҳуқуқи иттиҳоди минтақа шинохт, онҳо метавонанд танҳо субъекти сиёсати минтақа бошанд. Нисбати ин изҳорот шумо чӣ назар доред? Тоҷикистон ва Қирғизистон хотири дифоъ аз манфиатҳояшон метавонанд дар минтақа шарики стратегӣ бошанд? Сатҳи ҳамкориҳои ин ду кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Ба ин гуна гуфтаҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардан, вақти пурқимати худро беҳуда сарф намудан аст. Ҷакидани саг ба ҳаракати корвон халал намерасонад. Дар мавриди ҳамкориҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон таъкид карданӣ ҳастам, ки минбаъд дар муносиботи мо марҳилаи нав оғоз мегардад. Шояд маълумот дошта бошед, ки таърихи 27 май сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари мо сурат мегирад. Ман умед дорам ва Эмомалӣ Раҳмон ҳам эътимод дорад, ки ин мулоқот як таконе дар пешбурди   муносиботи мо ворид хоҳад кард. Масъалаҳои зиёде ҳастанд, ки мо бояд ҳал кунем, масъалаҳое низ ҳастанд, ҳаллашон вақт мехоҳад. Ман масъалаи сарҳадро дар назар дорам, ки ҳаллаш вақти тӯлонӣ мехоҳад. Дар ин мулоқот мо лоиҳаҳои инфраструктуриро, ки барои аз бунбасти нақлиётӣ раҳо ёфтан мусоидат мекунанд, баррасӣ ва ҳал мекунем. Ташрифи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ин гапу калочаҳо нуқта хоҳад гузошт. Дар миёни мо ҳамаи масъалаҳо ба хубӣ ҳал хоҳанд шуд. Агар касе дар андешае бошад, ки Тоҷикистон ва моро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи минтақа дидан намехоҳад, ба чунин рӯз намерасад, муродаш ҳосил намегардад.

«Урра – ватандӯстон» Кӯдакро аз тағора бо об берун мепартоянд
Дар Қирғизистон забони русӣ амалан забони расмӣ мебошад. Нигоҳи Шумо дар мавриди мақоми забони русӣ?
— Ман чунин меҳисобам, ки забони расмӣ будани забони русӣ дар Қирғизистон ба манфиати кор аст. Дар мо ҳам «Урра-ватандӯстон»-е ҳастанд, ки бо камоли майл «Кӯдакро аз тағора бо об берун мепартоянд». Ба андешаи ман, баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки дар ҳалли онҳо ба шитобкорӣ роҳ додан лозим нест. Вақте баъзеҳо талаб менамоянд дар кадом як вазорат тамоми ҳуҷҷатгузориҳо ҳатман ба як забон ба роҳ монда шавад, маълум, ки ҳанӯз нозукиҳои ин корро дарк накардаанд. Соҳаҳое ҳастанд, ки забонҳои кайҳо мақомашон аз байнрафтаро истифода мекунем. Масалан, забони лотинӣ дар соҳаи тиб. Ватандӯстӣ дар он нест, ки талаб кунӣ, ки ҳама ба забони ту ҳарф зананд. Бояд гуфт, ки сарфи назар аз он ки ба касе мефорад ё не, забони русӣ яке аз забонҳои байналмилалӣ аст, ки СММ қабул намудааст. Айни замон, забонҳое ҳастанд, ки дар арсаи нобудшавӣ мебошанд ва онҳо бояд аз ҷониби давлат ҳифз карда шаванд.  Забони русӣ бошад, ба пуштибонӣ эҳтиёҷ надорад.  Адабиёте чун адабиёти рус, бигузор ба иззати нафси дигарон нарасад, дар олам нест.

Амнияти минтақа ва Созмони «Ҷомадони бедаста»
 — Русия ва Беларус чанде қабл дар мавриди созмон додани посбонии якҷояи ҳарими ҳавоӣ ва баъдан то соли 2015 дар ҳудуди Беларус ҷойгир намудани полки ҳавопаймоҳои қиркунандаи Русия ба мувофиқа расиданд. Ман огоҳӣ дорам, ки Қирғизистон ва Русия ҳам таъсиси пойгоҳи якҷояи ҳарбии ҳавоиро пешбинӣ намуданд. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин ба мустақилияти кишвар халал ворид менамояд. Шумо ба ин чи мегӯед? Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои муътадил сохтани авзои минтақа баъди хурӯҷи неруҳои эътилофӣ аз Афғонистон чӣ нақше хоҳад дошт?

 — Дар мавриди амнияти кишварҳои алоҳида гумон мекунам, ки ин салоҳияти роҳбарони он кишварҳост ва онҳо бояд мустақилона қарор қабул намоянд. Масалан, мо дар Қирғизистон чунин меҳисобем, ки ҳамкориҳоямон бо Русия дар соҳаи ҳарбӣ ба манфиати амнияти кишвар аст.

Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ташкилотест, ки қаблан ман ҳам нисбати он хушбин набудам. Ба ёдам гуфтаи як рӯзноманигор мерасад. Ӯ Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро «ҷомадони бедаста» номида буд, ки бардоштанаш душвору партофтанаш ҳайф аст. Аммо ин созмон аз моҳи декабри соли гузашта мақоми хешро тағйир дод ва ҳамчун ташкилоти бонуфуз фаъолият дорад. Бояд гӯям, ки 28 май мо сарони чанд кишвар дар Бишкек ҷамъ меоем. Чанд масъалаи муҳимро, ки дар доираи дигар созмонҳо ҳалли худро наёфтанд, муҳокима мекунем ва эҳтимол онҳоро дар саммити СААД ҳаллу фасл намоем.

 — Ҷаноби Президент, хурӯҷи неруҳои эътилофӣ аз Афғонистон дар соли 2014 эҳтимол амнияти минтақаро зери хатар гузорад. Дар ин хусус бисёр ҳарф мезананд. Шумо дар ин бора чӣ назар доред? Ҳамчунин, дар масъалаи пойгоҳи ҳарбии ҳавоии амрикоиҳо дар «Манас»: Оё баъди хурӯҷи неруҳои эътилофӣ аз Афғонистон ин пойгоҳ барҳам мехӯрад? Ин амал чӣ гуна бояд сурат гирад?
— Табиист, ки вазъият дар Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи мост. Яке аз масъалаҳои саммити ғайрирасмӣ вазъияти Афғонистон хоҳад буд. СААД-ро лозим аст, ки эҳтимоли пайомадҳои манфии ин қазияро пешбинӣ ва пешгирӣ намояд. Гумон мекунам, неруҳои Амрико қисман дар Афғонистон боқӣ мемонанд.

Дар масъалаи пойгоҳи низомии «Манас». Ҳукумат дар бораи барҳам додани он лоиҳаи қарорро таҳия намуда, ба парлумон пешниҳод кард. Муҳлати шартнома поён ёфтааст. Баъди қарорро қабул намудани парлумон пойгоҳ барҳам дода мешавад. Ман намехоҳам, ки дар майдони ҳавоии «Манас» пойгоҳи ҳарбӣ вуҷуд дошта бошад. Ин майдони ҳавоии мулкӣ аст. Вақте баъзеҳо садо баланд мекунанд, ки мо аз нигоҳи иқтисодӣ бой медиҳем, дар ҷавоб мегӯям, ки меҳнат кардан даркор. Ин 60 млн. долларе, ки иҷорапулӣ аст, метавон аз дигар ҳисоб, аз ҷумла, аз ҳисоби лоиҳаҳои нави иқтисодӣ ҷуброн намуд.

Кӣ ҷаннатисту кӣ ба дӯзах меравад?
Донистани андешаи Шумо нисбати вазъи дохилии Қирғизистон бисёр ҷолиб аст. Назари Шуморо билхоса дар мавриди мушкилоти динии кишвар фаҳмидан мехостам. Оё омилу неруҳои нооромкунанда дар дохили кишвар вуҷуд доранд? Масалан ваҳҳобия, ҷараёнҳои дигари диние, ки ба амнияти мамлакат таҳдид мекунанд.

— Ман аз вазъияти динии минтақа бештар дар ташвиш ҳастам. Ба андешаи ман, вазъияти баамаломада натиҷаи кӯтоҳбинии сарони аксари кишварҳои минтақа аст. Дар Қирғизистон роҳбарони пешин ба ин масъала умуман эътибор надоданд. Чунон ки мегӯянд, «мазор бе шайх намешавад», зуд неруҳои тундраве пайдо шуданд, ки аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии давлатмардон истифода карданд. Намояндагони ҳукумат дар Қирғизистон ба моҳияти дин сарфаҳм намерафтанд. Исломро намеомӯхтанд. Агар ба масъала амиқ назар андозем, ҷавоби ҳар гуна мушкилоти диниро дар Қуръони маҷид пайдо хоҳем кард. Ислом динест, ки ҳама гуна тундравиро маҳкум менамояд. Гарчанде донандаи забони арабӣ набошам ҳам, маънои калимаи «ислом» — ро мефаҳмам, «Ислом, салом, саломалайкум» решаааш аз сулҳ таркиб ёфтааст. Сулҳу салоҳ муҳтавои ҳақиқии ин дини мубин мебошад. Калимаи «ҷиҳод» бошад, маънои онро дорад, ин инсон бояд, пеш аз ҳама, бо нафси худ (ҷиҳод) -набард кунад ва пок шавад. Пайғамбар (с) фармудаанд: «Бо фавти инсон як ҷаҳон мемираад», яъне агар инсонеро куштӣ, ҷаҳонеро нобуд сохтӣ. Гузашта аз ин, дар Қирғизистон мардуми мо ҳамеша дар мазҳаби Имом Абӯҳанифа буданд. Мутаассифона, дар замони шӯравӣ ин арзишҳоро ба чанголи фаромӯшӣ супоридем. Ҳанафия яке аз чаҳор мазҳаб дар ислом мебошад, ки аз ҷониби аксари уламои дин эътироф гардидааст. Бояд гӯям, ки пайравони Ҳанафия дар Русия низ ҳастанд. Ин мазҳаб аз дигар мазҳабҳо чӣ фарқе дорад? Имом Абӯҳанифа мефармояд: «Кӣ ба ҷаҳаннам ва кӣ ба биҳишт меравад, танҳо Оллоҳи таъоло медонаду халос». Ҳар касе, ки 5 вақт намоз гузораду машрубот нанӯшад ва риш монаду бовар дошта бошад, ки биҳиштист, ӯ пайрави Имом Абӯҳанифа нест. Дар Қуръони маҷид ҳам гуфта мешавад, ки гунаҳкориву бегуноҳии инсонро танҳо Парвардигор медонад. Вақте инсон касеро кофир мешуморад ва куштану сӯхтанро нисбати ӯ раво медонад, дар мазҳаби Ҳанафия аз душманони ислом дониста мешавад. Таҳаммулпазирӣ рукни асосии ин мазҳаб аст. Мо анъана ва суннатҳои худро фаромӯш кардаем. Бояд ба мардум фаҳмонем, ки ҳанафимазҳабем. Соли аввал ман ба омӯзиши иқтисодиёт ва дигар масъалаҳо машғул шудам, имсол ба омӯхтани масъалаҳои амният, дин ва мудофиа шурӯъ намудам. Итминон дорам, ки вазъиятро куллан тағйир хоҳем дод. Вақте бо сарони як қатор кишварҳо суҳбатҳо доштам, ба онҳо гуфтам, ки мо маҳз ҳамин роҳро пеш мегирем. Мо фишор намеоварем, барои манъи саллаю риш  кӯшиш намекунем. Ба мардум моҳияти ислом ва мазҳаби моро мефаҳмонем. Ман итминон дорам, ки ин роҳи дуруст аст.

 — Ҷаноби Президент, Шумо ба пешомадҳои амалигардидани як силсила лоиҳаҳои тарҳрезишуда, дар доираи ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон чӣ баҳо медиҳед? Аз ҷумла, дар мавриди роҳи байни Гурҷистон, Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон ва ғайра.
Шумо огоҳӣ доред, ки Саммити шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон моҳи август дар Боку баргузор мешавад. Дар ин нишаст ҳамин масъала, яъне роҳи байни Туркия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон баррасӣ хоҳад шуд. Ин масъала бисёр муҳим аст. Коршиносон ҳоло машғул ҳастанд ва гумон мекунам, ин лоиҳа амалӣ мегардад.

Ислом Каримов хирадманд аст ва бояд фаҳмад
Ҷаноби Президент, чӣ бояд кард, ки муносибатҳои кишварҳои Осиёи Миёна аз имрӯза беҳтар гардад?

— Ман гумон мекунам, ки роҳбарони ин кишварҳо бояд бештар вохӯранд ва ба ҳамдигар бештар бовар кунанд. Ман мефаҳмам, шумо барои чӣ ин саволро додед. Масалан, Қирғизистон НБО сохтан мехоҳад, вале Ӯзбекистон муқобил аст. Қазоқистон ҳам муқобил буд. Вақте мо бо Президенти Қазоқистон вохӯрдем ва фаҳмондем, ки ин НБО барои чӣ даркор аст, Қазоқистон омодагии худро барои дар ин лоиҳа саҳмгузор шудан, изҳор намуд. Чаро? Зеро ҳоло НБО — и «Тохтагул» фаъолият дорад. НБО — и нав болотар аз он сохта мешавад. Мувофиқи нақшаи шӯравӣ НБО-и «Тохтагул» ҳамчун иншооти геотехникӣ бунёд шуда буд. НБО-и «Қамбарато-1» бошад, маҳз барои истеҳсоли неруи барқ тарҳрезӣ шудааст. Агар НБО — и нав сохта шавад, дар ҳар ду обанбор об ҷамъ мешавад ва дар мавсими обёрӣ об ба ҳамсояҳо бемонеа дода хоҳад шуд, аз ҷумла ба Ӯзбекистон. Лоиҳаи НБО-и «Қамбарато -1» дар Тошканд таҳия шуда буд. Ин НБО барои Ӯзбекистон дар оянда манфиати зиёд хоҳад овард. Ман ба ноиби Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот доштам. Тавассути он кас ҳуҷҷатҳои заруриро ба Президент Ислом Каримов пешниҳод намудам. Гумон мекунам ба ӯ моҳияти масъаларо дуруст нафаҳмондаанд. Мо бисёр мехостем, ки Ӯзбекистон ба ин лоиҳа шарик шавад. Барои водии Фарғона ва Қазоқистон ин иншоот бисёр зарур аст ва онро сохтан лозим. Вақте коршиносон масъаларо амиқ омӯхта, ба Президенти Ӯзбекистон гузориш диҳанд, ӯ ҳамчун инсони хирадманд қарори дуруст қабул мекунад. Тамоми масъалаҳои баҳсталабро якҷоя ҳаллу фасл намудан даркор. Барои ин аввал ҳамсуҳбатро бодиққат гӯш кардан ва баъдан қарор қабул кардан лозим аст.

— На танҳо рӯзноманигорон ҳангоми таҳияи мавод ба эҳсосот дода мешаванд, балки вакилони парлумон ва Думаи давлатии Русия ҳам. Шумо шояд иттилоъ доред, ки чанде пеш муовини раиси Думаи давлатии Русия ҷаноби Жириновский дар ҷаласаи навбатӣ сухан гуфта, ба эҳсосот дода шуд. Ва ҳоло ҷомеаи Қирғизистон ба ду қисм тақсим шудааст: бархе бар онанд, ки Жириновский Иссиқкӯлро тарғиб намуд, баъзеҳо андеша доранд, ки қирғизҳоро таҳқир кард. Шумо чӣ андеша доред?
— Ба андешаи ман, Жириновский обрӯйи худ ва эътибори Қирғизистонро бардошт. Таҳқирро ҳис накардам. Моҳияти масъала ин буд, ки қарзҳоро бояд пардохт намуд. Ҳамин чизро ӯ мисли ҳарвақта бо эҳсосот гуфт. Вале баъдан изҳор намуд, ки мақсадаш чӣ буд. Мо бештар аз «пашша фил сохтан»-ро нағз мебинем. Ин дуруст нест. Дар суханронии аввали ӯ як чиз диққати моро ҷалб намуд. Ӯ гуфт, ки як президентшаванда ваъда дода буд, ки дар сурати ӯро дастгирӣ намудан вилояти Иссиқкӯлро ба мо медиҳад. Ана, ба ҳамин суханони ӯ ман бовар мекунам. Чунин президентшавандаҳо ҳастанд. Барои пуштибонӣ пайдо намудан ба ҳар сӯ медаванд, ваъдаҳои бебаркаш медиҳанд.

Чин ва ИМА, Чаро аз онҳо метарсанд?
 — Қирғизистон дар маркази манфиатҳои кишварҳои абарқудрат қарор дорад. Муносибати давлати Шумо бо кишварщое ба мисли Чин ва ИМА чӣ гуна сурат хоҳад гирифт?
— Мо бо ҳама кишварҳо мехоҳем муносибати дӯстона, ҳамкории холисона дошта бошем. Гумон мекунам, онҳо низ моро дуруст мефаҳманд. Ман ба намояндагони Чин ва ИМА вомехӯрам. Дар сиёсати хориҷии худ мо бояд душман наҷӯем, бо ҳама, ва пеш аз ҳама, бо ҳамсоягонамон дар сулҳу салоҳ зистан мехоҳем. Мо зарбулмасале дорем: «Ҳамсоя аз хеши дур беҳтар аст». Ман чунин меҳисобам, ки набояд аз Чин ҳаросид. Чин, пеш аз ҳама, барои мо бозори бузург аст. Қирғизистон бояд аз ин бозор суди худро ҷӯяд. Гузаштагони мо аз ин ҳамсоягӣ ҳарос надоштанд ва мо низ набояд ҳаросем. Дар мавриди ИМА бояд гӯям, ки мо аз ин кишвар дар солҳои истиқлолият дастгириҳои зиёд дидаем. Дар муносибатҳои байни давлатҳо ҳам масъалаҳои мақбул ва номақбул пайдо мешаванд. Ман бори дигар гуфтан мехоҳам, ки мо бо тамоми кишварҳои олам дар фазои сулҳу дӯстӣ зистан мехоҳем.

— Гумон мекунам, ки шумо аз мушкилоти дар нуқтаи гумрукии Эркиштам, дар ҳамсарҳадии Чин бамиёномада хабар доред. Дар он ҷо нуқтаи гумрукӣ ба маънии томаш вуҷуд надорад. Барои пур кардани декларатсия ба соҳибкорон лозим меояд ба Ош раванд, ки масофааш қариб 400 км аст. Мувофиқи маълумоти соҳибкорон гурӯҳҳое ба миён омадаанд, ки ҳам нақши гумрукчӣ ва ҳам нозироти роҳро мебозанд ва ин мушкилоти соҳибкоронро бар ивази маблағи муайян «осон» мегардонанд.  Соҳибкорон мепурсанд: оё имкон надорад, ки дар Эркиштам нуқтаи мукаммали гумрукӣ таъсис диҳанд ва борҳои транзитӣ дар ҳамон ҷо аз қайди гумрукӣ гузаронида шаванд. Масъалаи дигар: чаро мошинҳои рақами чинидошта бо бори Тоҷикистон метавонанд аз тариқи Боткент гузаранд, вале онҳоро аз тариқи Қарамик ба Тоҷикистон гузаштан иҷозат намедиҳанд?
— Вақте ки мушкилот ҳаст, он бояд ҳал гардад. Он ки дар Эркиштам бояд нуқтаи гумрукии мукаммал фаъолият кунад, дуруст аст ва ман ба ин тарафдор мебошам. Ин масъала ҳал шуданист ва мо ҳал мекунем. Дар мавриди Қарамик шояд чунин сурат гирифтани кор ба он хотир бошад, ки ин роҳ ҳамчун роҳи байналхалқӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ин ҳама дар маҷмӯъ дида баромада мешавад ва ҳал мегардад…

Шариф Ҳамдампур
Душанбе – Бишкек — Душанбе

Комментарии (0)

Оставить комментарий