Пулгирӣ аз тоҷикон бо ваъдаҳои дурӯғи бозгашт ба Ватан: ҳушдори Сафорат

Пулгирӣ аз тоҷикон бо ваъдаҳои дурӯғи бозгашт ба Ватан: ҳушдори Сафорат
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳушдор додааст, ки вақтҳои охир бархе афрод бо ваъдаи ташкили сафар ба Ватан тариқи автобусҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон пул гирифтаанд

Рӯзҳои охир аз тарафи баъзе шахсони манфиатҷӯ ва ғаразнок дар бораи он, ки гӯиё тавассути нақлиёти заминӣ, аз ҷумла автобусҳо, сафар намудан ба Тоҷикистон имконпазир аст, миёни шаҳрвандон маълумоти беасос ва нодуруст паҳн карда мешавад, хабар додаст Сафорат.

“Ҳамчунин, ҳолатҳое мушоҳида шудааст, ки нафарони тамаъҷӯ шаҳрвандонро фирефта намуда, барои сафар ба Тоҷикистон аз онҳо маблағ гирифтаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накарда, аз сафар ба самти Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ худдорӣ намоянд.

“Зеро сарҳадҳои давлатӣ миёни Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз эпидемияи коронавирус ҳанӯз ҳам баста мебошад ва воридшавӣ ба қаламрави давлатҳои мазкур, аз ҷумла тавассути воситаҳои нақлиёти заминӣ, манъ аст”, - тавзеҳ додаст Сафаорат.

Намояндагии Тоҷикистон илова намуд, ки дар сурати ташкил шудани рейсҳои чартерии ҳавопаймоҳо ва ё барқарор шудани хатсайрҳои мунтазам, инчунин кушодашавии сарҳадҳо, расман шаҳрвандон хабардор карда мешаванд.

Ба шаҳрвандон барои гирифтани иттилои иловагӣ рақамҳои телефон, аз ҷумла дар Маскав,  +7 (926) 411 09 61, +7 (995) 501 87 33, +7 (985) 740 02 12,  +7 (495) 690-41-86, шаҳри Санкт-Петербург, +7 (961) 611 16 17, +7 (812) 490 47 46, шаҳри Уфа, +7 (347) 276 52 96, +7(927) 231 71 71, +7(927) 945 65 66, шаҳри. Екатеринбург, +7 (922) 115 33 19, +7 (343) 370 23 60 ва шаҳри Новосибирск рақамҳои +7 (913) 487 38 22, +7 (383) 349 59 70 пешниҳод шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий