Мақоми аввали Тоҷикистон аз рӯи фавт аз COVID - 19 дар Осиёи Марказӣ

Мақоми аввали Тоҷикистон аз рӯи фавт аз COVID - 19 дар Осиёи Марказӣ
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз се гирифтори коронавирус ҷон аз даст дод ва шумораи умумии фавтидагон ба 39 кас расид

 Тоҷикистон бо омори тозаи фавтидагон аз коронавирус, дар Осиёи Марказӣ ба мақоми аввал баромад.

Ҳамин тавр, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз се гирифтори коронавирус ҷон аз даст дод. Тибқи омори Вазорати тандурустии кишвар то 17 май, шумораи умумии фавтидагон ба 39 кас расид.

То ин замон шумораи бештарини фавтидагон аз коронавирус дар Қазоқистон ба қайд гирифта шуда буд. То имрӯз он ҷо 34 нафар аз ин беморӣ вафот кардаанд. Баъд Қирғизистон бо 14 фавт ва Ӯзбекистон бо 11 ҳолати фавт аз коронавирус дар мақомҳои охирин қарор гирифтанд.

Ёдрас мешавем, ки нахустин ҳолати гирифторшавӣ ба бемории коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрел ба қайд гирифта шуд.

То ин дам бано ба тасдиқи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба ин маризӣ сабт нашуда буд.

Бемории коронавируси навъи COVID - 19 авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард.

Миёнаҳои моҳи март Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин маризиро ҳамагирӣ эълом кард. Эҳтимолан ин вирус аз шабпаракҳо ё морҳо ба инсон гузаштааст.

Дар баробари ин дар расонаҳо борҳо хабар дода шуд, ки вирус дастсохт аст.

Тибқи омор то 17 май дар ҷаҳон 4 713 620 кас мубталои коронавирус шуда ва 315 185 дар паи ин беморӣ ҷон аз даст додаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий