Фармоиши вазири маориф: маоши омӯзгорон пардохт мешавад, қисме ба рухсатӣ мераванд

Фармоиши вазири маориф: маоши омӯзгорон пардохт мешавад, қисме ба рухсатӣ мераванд
Музди меҳнат ва иловапулиҳои кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар давраи муваққатан боз доштани раванди таълим аз ҷойи кори асосӣ пардохт карда шавад

Музди меҳнат ва иловапулиҳои кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар давраи муваққатан  боз доштани раванди таълим аз ҷойи кори асосӣ пардохт карда мешавад.

Дар ин бора 13 май фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо мақсади амалӣ намудани протоколҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19  ба тасвиб расидааст.

Тавре "Ховар" гузориш медиҳад, вазири маориф фармоиш додааст, ки раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, новбаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ аз 27 апрели соли 2020 бо назардошти ҳолати баамаломада муваққатан боз дошта шавад.

"Музди меҳнат ва иловапулиҳои кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар давраи муваққатан  боз доштани раванди таълим аз ҷойи кори асоси пардохт карда шавад", — омадааст дар фармоиш.

Ҳамчунин мутобиқи ин фармоиш, рухсатии меҳнатии навбатии омӯзгорон ва дигар корманони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барухсатӣ мераванд.

Ҳамин тавр, кормандони омӯзгории муассисаҳои таълимии томактабӣ, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва омӯзгороне, ки дар аттестатсияи хатм иштирок намекунанд, аз 15 майи соли 2020 ба рухсатии меҳнатии навбатӣ фиристода мешаванд.

Омӯзгороне, ки дар аттестатсияи хатми синфҳои 9 ва 11 вобаста мебошанд, тибқи муқаррарот ба рухсатии навбатӣ фиристода мешаванд.Кормандони маъмурӣ ва дигар кормандони хурди техникӣ мувофиқи тартиби ҷадвали рухсатиҳои меҳнатии тасдиқшудаи муассисаи таълимӣ ба рухсатии меҳнатии навбатӣ фиристода мешаванд.

Пештар як фармоиши дигари вазири маориф ба тасвиб расида буд, ки мувофиқи он таътил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ тамдид карда мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бошад, аз 11 май то 16 августи соли 2020 ба хонандагону омӯзгорон таътили тобистона эълон карда мешавад.

Комментарии (1)

  • Нодирбек Муратов
    Нодирбек Муратов

    Ман Нодирбек Муратов ҳамчун омӯзгори фанни забони англисӣ дар таҳсилоти миёнаи умумӣ кор мекунам. Молияи ноҳияи мо барои омӯзгорон музди таътили меҳнатиро фақат барои 15 рӯз додан мехоҳад, яъне, музди таътили меҳнатро мо наметавонем ҳамаашро гирифтан(. Намедонам, чи ҳел мо оиламонро бо маблағ таъмин мекунем. Дар банк кредит дорам, оилаи ҷавон ҳастам. Падару модарам аз дунёё гузаштанд.

    Ман мехоҳам, ба ҳамаи коргарони Тоҷикистон музди таътили меҳнаташонро 100% диҳанд.

    Ҷавоб додан
Оставить комментарий