class="attachment-tie-medium" alt="Группа"/>

АХБОРИ ОҶИЛ:

Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чӣ масҷид, чӣ куништ: тоҷикон ба намози дастаҷамъӣ ҳамроҳ мешаванд

14 май мардуми тамоми сайёра, новобаста аз эътиқодашон тибқи дини худ даст ба дуо бардоштаву аз Худованд илтиҷо хоҳанд кард, ки мардумро аз коронавирус наҷот диҳад. Тоҷикистон низ ба ин намози дастаҷамъӣ ҳамроҳ мешавад

Ҷомеаи мусалмонони Тоҷикистон ба намози дастаҷамъие, ки мардуми тамоми сайёра рӯзи 14 май хоҳанд гузошт, ҳамроҳ мешавад, хабар додааст, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси шӯрои уламо.

Комиссияи олии "Бародарии инсонӣ", ки қароргоҳаш дар Амороти Муттаҳидаи Араб воқеъ аст, аз тамоми мардуми ҷаҳон даъват ба амал овард, ки рӯзи панҷшанбе, 14 май тибқи оини дин, мазҳаб ва таълимоти худ даст ба дуо бардоранд, аз Худованд илтиҷо намоянд, ки   COVID-19-ро  бартараф созад, инсониятро аз ранҷу азобҳои имрӯза наҷот диҳад ва ба олимон кумак кунад, то табобати онро пайдо намоянд ва дунёро аз оқибатҳои тиббӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии пандемияи коронавирус наҷот диҳанд.

"Ҳар яки мо, дар тамоми ҷаҳон, бояд мувофиқи қоидаҳои дин ё эътиқоди худ дуо гӯем ва аз Худованд хоҳиш кунем, ки дунёро аз мусибатҳои умумиҷаҳонӣ наҷот диҳад", — гуфта мешавад дар изҳороти кумита.

Муъминон инчунин бояд аз Худованд илтиҷо намоянд, ки ба олимон равшанӣ фиристад, то онҳо ваксина ё даворо бар зидди беморӣ пайдо кунанд, ки ҷаҳонро аз мушкилоти глобалӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ ва тиббӣ наҷот диҳад.

Кумита бо чунин муроҷиат ба пешвоёни мазҳабии саросари ҷаҳон муроҷиат карда, изҳор дошт, ки пас аз рафъи пандемия Замин беҳтарин макон барои зиндагии  инсонҳо хоҳад шуд.

"Мо низ ин даъватро қабул кардем, онро тасдиқу дастгирӣ менамоем ва 14 май ҳатман дуо мекунем, ки инсоният аз ин беморӣ халос шавад", — гуфт роҳбари Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ба "Ховар".



Idris
Idris 14 мая 2020 03:50

Аль-'Имран:19 - Воистину, религией у Аллаха является ислам. Аль-'Имран:85 - От того, кто ищет иную религию помимо ислама, это никогда не будет принято, и в Последней жизни он окажется среди потерпевших урон.

 

Ба дурустӣ ки дин(-и мӯътабар) наздики Худо Ислом аст.....3-19Ва ҳар ки ғайри Ислом динеро талаб кунад, пас ҳаргиз аз ӯ қабул карда нахоҳад шуд; ва ӯ дар охират аз зиёнкорон аст.3-85

Добавить комментарий

Добавить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив