Дар ҷустуҷӯи беморхона то охирин нафас: фавти зани ҳомилаи тоҷик аз COVID -19 дар Маскав

Дар ҷустуҷӯи беморхона то охирин нафас: фавти зани ҳомилаи тоҷик аз COVID -19 дар Маскав
Пас аз ташхисҳои барзиёд, танҳо лаҳзае, ки нафаскашии Гулшан танг шуд ӯро бо ёрии таъҷилӣ ба бемористон бурданд, фарзанди 7-моҳаашро тариқи ҷарроҳӣ аз батнаш гирифтанд ва пас аз 11 рӯзи нафаскашии сунъӣ ӯ вафот кард

Хонаводаи Нурматовҳо ба хотири дарёфти шифо ба Русия омада буданд, вале Маскав барояшон хонаи ғам шуд. Чигуна COVID - 19 маргбор хонаводаи тоҷики муқими Маскавро мотамзада кард ва чигуна одамон метавонанд дар кишвари бегона барои ҳамдигар чун модар меҳрубон шаванд.

Рӯзи 4 май, модари чор фарзанд Нурматова Гулшан Расулқуловнаи 35-сола дар Химкии Маскав аз бемории коронавирус фавтид. Ҷасади ӯро рӯзи 5 май ҳамватанон дафн карданд. Дар ин бора 

Аз ин зан чор фарзанд: духтари калонӣ, нобино - Севара (13 сола), Шерзод (12 сола), Иброҳим (8 сола) ва кӯдаки навзод Муҳаммад Салоҳ, ки 21 апрели соли ҷорӣ таваллуд шудааст, ятим монданд

Падари фарзандон Нурматов Дилшод Худойбердиевич дар Тоҷикистон буда ба сабаби баста будани роҳҳо омадан наметавонад. Ӯ ронанда аст ва ба мусофиркашонӣ машғул мебошад. Дилшод ҳамроҳи бародари марҳум рӯзи 1 март ба Тоҷикистон мусофиронро бурда ва он ҷо мондааст.

Феълан парастории ин кӯдакони ятимро ҳамсоя ва зани меҳрубон, модари панҷ фарзанд - муаллимаи забони арабӣ дар яке аз мадарасаҳои Маскав - Дилноза Холматоваи 43-сола бар ӯҳда дорад.

Sputnik Тоҷикистон бо Холматова суҳбат кард ва ҷузъиёти фоҷиаи хонаводаи Нурматовро пурсон шуд.

"Гулшан дар ин шаҳр танҳо бародаре дорад, ки аз сабаби набуди ҳуҷҷатҳо дар ҷое кор мекунаду ба ҳеҷ куҷо намеравад. Ӯ танҳо зимни дафни апааш омада буд. Дигар Гулшан дар ин шаҳри бузург касе надорад. Мо бо ӯ ҳамсоя ҳастем. Ҳамин се сол мешавад, ки рӯзеро ҳам бе суҳбати якдигар намегузаронем. Вақте, соли гузашта марҳум модарашро аз даст дод, ба ман гуфт ту дар ин шаҳри бегона бароям чун модар ҳастӣ. Дар ҳамаи корҳо бо ман маслиҳат мекард. Агар чизе болаззат омода кунад албатта ба ман мефиристод. Ӯро хеле дӯст доштам“, - нақл кард Дилноза, ки  зор-зор мегирист. 

Аз як беморхона ба дигар то нафаси охирин

Ба гуфти Дилноза, ҳарорати Гулшан рӯзҳои 14-15 апрел баланд шуд. Рӯзҳои аввал ӯ фикр кардааст, ки гузаранда аст, вале бо такрор шудани вазъ ба Дилноза занг зада ёрӣ хостааст. Ёрии таъҷилӣ зани ҳомиларо наздики ҳашт соат дар шаҳр гардонидааст, вале ҷое ӯро қабул накардаанд.

"Моро бо мошини ёрии таъҷилӣ наздики ҳашт соат дар шаҳр гардонданд. Дар ягон беморхона моро қабул накарданд, гуфтанд ҷой нест ва ҳам аввал аз шаҳрвандии бемор пурсон мешуданд, ки Гулшан шаҳрвандӣ надошт. Моро аввал ба Химки баъд ба Долгопрудное аз он ҷо ба Домодедово равон карданд. Дар ягон бемористон моро қабул накарданд. Аз 20:00 то 03:00 мо бо зани ҳомиладор савори ёрии таъҷилӣ будем. Ва танҳо ними шаб ночор ба хона бозгаштем".

Рӯзи дигар ҳарорати Гулшан боз баланд мешавад. Ӯ ёрии таъҷилӣ занг мезанад ва пизишкон омада ӯро сӯзандору мегузаронанд ва ҳарораташро муътадил мекунанд. Вале саломатии марҳум бад шудан мегирад.

"Онҳо фармуданд, ки шушҳояшро фавран аз ташхиси компютерӣ гузаронем. Мо поликлиникаҳои хусусиро гаштем вале ҷое наёфтем, ҳамаҷо маҳкам буд. Пас дигар ташхисҳоро гузаронидем, ки ҳамааш хуб буд. Рӯзи дигар боз занг заду гуфт нафаскашияш беҳад вазнин аст ва ӯ худро бад эҳсос мекунад. Ёрии таъҷилӣ омада ӯро зери асбоби нафасдиҳӣ ба 110 километр шимолтар аз Маскав, ба Талдом вилояти Маскав бурд. Он ҷо ӯро қабул накарданд, пасон ба Сергей - Посад фиристоданд. Он ҷо ӯро қабул карданд, ки аллакай аҳволаш хеле вазнин буд", - нақл кард Дилноза.

Чун аҳволи марҳум бад будааст, пизишкон дар фикри кӯдак шудаанд ва ӯро барои гузаронидани ҷарроҳӣ ба бемористони дигаре дар Одинсово равон карданд. Он ҷо фарзанди 7-моҳаи марҳумро аз батни модар ҷудо кардаанд ва кӯдакро ба беморхонаи ноҳияи Сергей- Посади вилояти Маскав дар суроғаи деҳаи Скоропусковский, 97 бозгардонидаанд. Худи Гулшан дар бемористон 11 рӯзи дигар таҳти асбоби нафасдиҳии сунъӣ боқӣ мемонад ва рӯзи 4 май вафот мекунад.

Дилноза мегӯяд, кӯдак бояд моҳи июн таваллуд мешуд, соли гузашта 12 июн, Гулшан як писарашро аз даст дода будааст, ӯ аз тиреза сарозер шуда ба ҳалокат расидааст.

Муҳаммад Салоҳ 1,9 кило таваллуд шудааст ва то имрӯз аллакай вазн гирифта 2,5 кило мебошад. 

"Аҳволаш хуб аст, насиб бошад пас аз 15 рӯз бояд ӯро ҷавоб диҳанд", - гуфт Дилноза аз қавли пизишкон.

Муҳоҷират ба хотири шифо 

Хонаводаи Нурматовҳо соли 2009 ба хотири дарёфти шифо - ҷарроҳии чашмони Севараи 13-сола, ки аз модар нобино таваллуд шудааст, ба Русия омада буданд. Падар дар бахши мусофиркашонӣ кор мекунаду марҳум ба тарбияи фарзандош машғул будааст. 

"Онҳо зиндагии хуб доштанд. Дилшод ва Гулшан ҳамдигарро дӯст медоштанд, ҳурмат мекарданд. Ин ҷо хонаи шахсӣ доранд. Аслан барои ҷарроҳии чашмони духтарашон омаданд", - гуфт Дилноза аз қавли Гулшан.

Вале то ҳол Севараи 13-сола барои ҷарроҳӣ омода нест, барои ин ҳам маблағ лозим аст ва ҳам бояд синну сол ва вазни духтар мувофиқ шавад.

"Ман тасми дорам ҳамаи он пулҳое, ки имрӯзҳо ҳамватанон ва шахсони хайрхоҳ барои кӯдакони марҳум мефиристанд барои ҷарроҳии Севара ҳазина шавад. Ният дорам, Дилшод кӣ омад албатта дар ин бора бо ӯ сухан хоҳам кард", - гуфт Дилноза.

Дунё бе одамони хайрхоҳ нест

Дилноза Каримоваи 43-сола ки алъон парастории фарзандони марҳумро бар ӯҳда дорад, мегӯяд аз лаҳзаи аввал, ки хабари фоҷиабори ин хонавода расонаӣ шуд, ҳамагӣ ба ӯ занг мезананд, изҳори ҳамдардӣ мекунанд ва кумак мерасонанд.

"Медонед, дар чунин вазъияти сахт, ки ҳамагӣ аз коронавирус доду вой мекунанд, ёфт мешаванд, нафароне, ки хайрхоҳ ҳастанд, меҳрубонанд. Ба ман як зан занг зада гуфт маблағи охирине, ки дар картааш буд, фиритсод ва хеле гирист. Ман барои ҳар яки онҳо изҳори сипос мекунам", - гуфт Дилноза.

Айни ҳол фарзандони Гулшан дар манзилашон ба сар мебаранд. Севара, ки нобино аст намехоҳад ба дигар хона равад, чун бо ҷою макони худ ошно аст ва метаовнад дар хонааш озодона рафтор кунад. Дилноза, ки дар ҳамосягии онҳо ба сар мебарад, мегӯяд барои нигоҳубини онҳо зани тоҷикеро ба сифати момодоя кироя кардаанд ва худ зуд-зуд аз аҳволашон бохабар мешавад.

Дилноза шаҳрванди Қирғизистон аст ва падари хонадон эътимодномаро барои парастории се фарзандаш ба номи Янгилдина Танзила (ба хотири доштани шаҳрвандӣ - шарҳ аз идора) фиристодааст.

Парастори хонавода Дилноза мегӯяд, ба Севараи нобино ва се бародараш бетардид модар лозим аст. Кӯдакон то ҳол аз фоҷиаи рухдода хабар надоранд ва дар интизори модарашон ҳастанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий