Ноуҳдабароӣ? Кушта шудани ду нафар дар Ваҳдат - навор

Ноуҳдабароӣ? Кушта шудани ду нафар дар Ваҳдат - навор
Дар шаҳри Ваҳдат бархӯрди як мошин ба дӯконҳои сари роҳ ду кушта ва як захмӣ ба ҷой гузоштааст. Навори ин ҳодиса дар интернет сайр мекунад

Дар навор дида мешавад, ки як мошини "Лексус" аввал қафонокӣ ба як дӯкон бархӯрда, дубора ба пеш ҳаракат мекунад ва як мошини дигарро зада, ба дӯкони дигар бархӯрда, таваққуф мекунад.



Дида мешавад, ки ӯ ба одамон бармехӯрад ва ҳатто як нафарро бо пеши мошин тела карда, ба девор бармехӯрад.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ин навори видеоӣ гуфт, ин ҳодиса субҳи дирӯз, 30 март дар бозори "Автостансия" – и шаҳри Ваҳдат, канори роҳи "Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ" иттифоқ афтодааст.

Вай афзуд: “Ронандаи автомашинаи тамғаи "Лексус-РХ-350" Боймаҳмад Одинаеви 71 - сола, сокини деҳаи Гулободи шаҳри Ваҳдат буда, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи "Душанбе – Кӯлоб - Хоруғ", дар рӯ ба рӯи бозори “Автостансия”-и шаҳри Ваҳдат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини "Мерседес-Бенс"–и Довудшоҳ Раҳимзодаи 25-сола, сокини шаҳри Ҳисор, ки дар канори роҳ меистод, бархӯрдааст", - гуфт сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои ВКД, баъдан мӯйсафеди 71 - сола воситаи нақлиётро ба қафо ронда, пиёдагардон Диловар Ғафурови 29 - сола, Файзимо Холмуродоваи 37- сола ва Хиробон Комиловаи 47 – сола, сокинони ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдаро пахш намудааст.

"Пиёдагардон Холмуродова ва Комилова ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ва дар роҳ ба шифохона ба ҳалокат расидаанд. Ғафуров ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст", - афзуд ӯ.

Комментарии (0)

Оставить комментарий