Кумаки хоксорона: БОР ба ҷумҳурӣ барои муқовимат бо коронавирус 100 ҳазор доллар медиҳад

Кумаки хоксорона: БОР ба ҷумҳурӣ барои муқовимат бо коронавирус 100 ҳазор доллар медиҳад
Бонки осиёии рушд (БОР) барои дастгирии талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи пешгирӣ ва муқовимат бо коронавирус (COVID-19) дар ҳаҷми 100 ҳазор доллар грант ҷудо хоҳад кард

 Бино бар иттилои дафтари матбуоти БОР кумаки хоксорона дар чаҳорчӯби дастрас кардани лавозимоти мавриди ниёзи аввал дар ин вазъ (ниқобу дастпӯшакҳо, респиратору термосканер) ва таҷҳизоти зарурии ташхис бо истифода аз усули фаврии харидорӣ пешбинӣ шудааст.

Бонки осиёии рушд бо ҳукумат, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва дигар шарикони марбута мунтазам дар робита буда, баҳри кумак дар сурати зарурат омода аст.

Ёдрас мешвем, вазорати тандурустӣ Тоҷикистон рӯзи 4-уми марти соли равон барои кумак ба БОР муроҷиат кард.

То 15-уми март дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашуда, 1566 нафар ба карантин гирифта шудаанд.

Бонки осиёии рушд яке аз ташкилотҳои бузурги мададрасони Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи 1,8 млрд. доллар кумак кардааст, ки зиёда аз 1,3 млрд доллари он дар шакли грант дода шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий