Дар Душанбе тарҳи "Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ барои солҳои 2020-2021" баррасӣ шуд

Дар Душанбе тарҳи "Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ барои солҳои 2020-2021" баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон оид ба такмили механизмҳои танзимкунандаи расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ва ҳифзи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила нишаст баргузор шуд

 Дар Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ "Оид ба такмили механизмҳои танзимкунандаи расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ва ҳифзи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила" оид ба ҳамоҳангӣ ва татбиқи Лоиҳаи "Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ барои солҳои 2020-2021", ки аз ҷониби  филиали ГОПА мбХ (PDV( дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад, баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар кори ҷаласа, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ Қудратулло Қурбонов, директори филиали ГОПА мбХ дар Тоҷикистон Елена Максименко, мудири Маркази миллии солимии репродуктивӣ Мунира Ғанизода ва роҳбарони як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат намудаанд.

Қайд гардидааст, ки ҳуҷҷати мазкур аз расонидани ёрӣ ба шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи ҷабр дидан аз зӯроварии оилавӣ дар ҳолати вазнин қарор доранд, иборат мебошад.

Мақсади категорияи хизматҳои иҷтимоии “Хизматрасонии иҷтимоӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила” мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ” аз 5 январи соли 2008, №359 ва талаботи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2012, №724 “Дар бораи Тартиб ва ҳаҷми пешниҳод  намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ” таҳия гардидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий