Шаҳрдории Душанбе барои бонувони волейболбоз 5 ҳазор сомонӣ ҷудо мекунад

Шаҳрдории Душанбе барои бонувони волейболбоз 5 ҳазор сомонӣ ҷудо мекунад
Мусобиқаи волейбол байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои Душанбе аз 19 феврал то 7 март баргузор мешавад

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар байни бонувони вазорату идораҳо ва муассисаҳо мусобиқаи волейбол баргузор мешавад. Дар ин бора қарори марбути шаҳрдои пойтахт Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Мусобиқаи волейбол дар Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ”- и Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ” баргузор хоҳад шуд.

Тавре дар қарор гуфта мешавад, мусобиқа барои дарёфти Ҷоми пойтахт гузаронида мешавад.

"Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимагардида бо дарназардошти андоз маблағи 55 000 (панҷову панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд", - гуфта мешавад дар қарори раиси шаҳр.

Муовини раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии "Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ" ӯҳдадор шудаанд, ки дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо кумитаи тадорукот, раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи шаҳри Душанбе барои даъват ва ҷалби дастаҳои волейболи бонувони вазорату идораҳо ва раёсату муассисаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий