Тағйироти кадрӣ бо ризояти президент: Шарифзода муовини раиси шаҳри Хуҷанд таъин шуд

Тағйироти кадрӣ бо ризояти президент: Шарифзода муовини раиси шаҳри Хуҷанд таъин шуд
Дар шаҳри Хуҷанд муовини нави раиси шаҳри Хуҷанд оид ба масоили иқтисод, саноат ва энергетикаро муаррифӣ карданд

 Бино ба гузориши котиботи шаҳрдорӣ, муовини нави Маъруф Муҳаммадзода бо розигии президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъин шудааст.

Ҳамин тавр, мувофиқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд, Асрор Шарифзода ба вазифаи муовини раиси шаҳр таъин гардид.

Асрор Шарифзода соли 1998 ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуда, то имрӯз дар вазифаи гуногуни Мақомоти шаҳри Хуҷанд ифои вазифа намудааст.

Зикр гардидааст, ки Асрор Шарифзода 20 сол инҷониб дар бахшҳои мухталифи шаҳрдорӣ, аз ҷумла кумитаи амвол, шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайраҳо пурсамар фаъолият намудааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфтааст, ки минбаъд 12 бахшу шуъба ва раёсатҳои мақомоти шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла шуъбаи иқтисод ва савдо, бахшҳои сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, саноат ва энергетика, раёсатҳои молия ва омор, нозироти андоз, муҳоҷират ва ғайраҳо таҳти сарпарастии Асрор Шарифзода фаъолият хоҳанд намуд.


Мавсуф ҳамчун муовини раиси шаҳри Хуҷанд оид ба масоили иқтисод, саноат ва энергетика фаъолияти худро оғоз мебахшад.

Ба муовини нав таъкид шудааст, ки вазифа ва масъулияти роҳбариро бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар ниҳодҳои зери роҳбарияш роҳандозӣ намояд.

Асрор Шарифзода 15 октябри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.

Ӯ то таъин гардидан ба маснади муовини раиси шаҳри Хуҷанд дар вазифаи мудири бахши ҳифзи иҷтимоии шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий