Оғози гуфтушунидҳои Узбакистону Тоҷикистон барои сохти ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ

Оғози гуфтушунидҳои Узбакистону Тоҷикистон барои сохти ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ
Мақомоти Узбакистон ва Тоҷикистон музокиротеро барои сохти муштараки ду нерӯгоҳи барқӣ - обӣ дар Тоҷикистон оғоз карданд

Мақомоти Узбакистон ва Тоҷикистон дар нишасти ахири худ музокиротеро дар хусуси сохти муштараки ду нерӯгоҳи барқӣ - обӣ ба арзиши 552 миллион доллар дар Тоҷикистон оғоз карданд, иттилоъ додааст вазорати энергшетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Дар гуфтушунид  ҳайати Тоҷикистонро  муовини Вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед  Шоимзода роҳбарӣ менамояд. Узбакистонро муовини Вазири энергетикаи ин кишвар Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов намояндагӣ  мекунад.  

Дар ин ҷаласа мақомоти аршади ду кишвар музокиротеро барои сохти муштараки ду нерӯгоҳи барқӣ - обӣ дар рӯдхонаи Зарафшон дар қаламрави Тоҷикистон оғоз карданд.

Бар асоси ин гузориш, нерӯгоҳҳои барқӣ - обии сохташуда то як миллиарду 400 миллион киловатт соат барқ фақат барои ниёзҳои Узбакистон тавлид мекунад.

Намояндагони Вазорати энержии ду кишвар эълом карданд, тарафайн дар ин дидор тартиб ва шароити ҳузур дар сохт ва баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи барқӣ - обиро баррасӣ карданд.

Тибқи барнома, дар марҳалаи аввал нерӯгоҳи обии “Ёвон” ба арзиши 282 миллион доллар, бо зарфияти 140 мегаватт ва тавлиди 700 то 800 миллион киловатт соат барқ сохта мешавад.

Дар марҳалаи баъдӣ тарафайн имкони сохти нерӯгоҳи обӣ рӯйи рӯдхонаи Фондарё ба арзиши 270 миллион доллар, бо зарфияти 135 мегаватт ва тавлиди 500 то 600 миллион киловатт соат барқро баррасӣ мекунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий