Муҳаммадюсуф Сайдалӣ вазири нави маориф кист?

Муҳаммадюсуф Сайдалӣ вазири нави маориф кист?
Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба курсии Вазири маориф Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ такя зад
Муҳаммадюсуф Сайдали Имомзода 28 - уми апрели соли 1959 дар Тоҷикистон ба дунё омадаст.

Пас аз хатми мактаби миёна барои идомаи илмомӯзӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи шарқшиносӣ ҳуҷҷат супурд ва донишгоҳро бо ихтисоси "Забон ва адабиёти тоҷик" дар соли 1981 хатм кард.

Имомзода фаъолияти кории худро нахуст ба ҳайси лаборант дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон шурӯъ кард.

Пас аз се соли фаъолият кардан дар институти мазкур, Имомзода ба Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи Максим Горкий, Академияи илмҳои ИҶШС гузашт.

Сипас Имомзода ба ҳайси таҳқиқотчӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор пардохт ва то соли 1991 ба фаъолияти илмӣ машғул шуд.

Соли 1991 Имомзода нахуст ҳамчун омӯзгор ва сипас ба ҳайси дотсент дар кафедраи  назария ва адабиёти муосири форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон таъйин шудааст. Соли 1999 ӯ ба вазифаи декани ин донишгоҳ такя зад.

Муҳаммадюсуф Сайдалӣ соли 2006 унвони профессорро гирифт ва соли 2008 узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуд.
Зимнан, соли 2012 ӯ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 2014 Имомзода академики Академияи илмҳои Тоҷикистон ва академики Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Федератсияи Русия интихоб шуд.

Соли 2020 бо фармони президент ба вазифаи вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин карда шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий