ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ
07.01.2020  ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҳайдаров Халилҷон Аъзамҷонович 1998 с/т истиқ. кӯч. Қаротегин х.б/р, донишҷуи соли 1-уми факултаи Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон дастгир карда шуд. Номбурда,  санаи 08.12.2014 сол ба фаъолияти равияи «Салафия», ки дар асоси ҳалномаи Суди Олии ҶТ ҳамчун ташкилоти террористи-экстремисти (ифротгароӣ) эътироф ва манъ карда шудааст, аъзои ин ташкилоти террористи-экстремисти гардида бо номи мустаори «Алиев Умар» ва «Муҳаммад» фаъолона дар байни омма ва ба воситаи шабакаи интернетии «Телеграмм» ба ташвиқи ғоя мақсад ва мароми ташкилоти террористи мазкур ба талқину паҳн кардани он машғул шудааст. Тибқи хулосаи комиссияи коршиносон аз 04.01.2020 сол дар маводу навиштаҷотҳои паҳнкардаи номбурда барангехтани кинаву адовати милли ва ақидаҳои экстримистии равияи «Салафия» ҷой дорад. Нисбати шаҳрванд Ҳайдаров Х.А, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. 

07.01.2020  ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативии ҷустуҷӯӣ шаҳрванд  Достаков Хайриддин Абдуллоевич  1992 с\т, истиқ. ҷ\д Дуконӣ, деҳ. Даҳана х.1, ҳ.13, аз соли 2001 ба муҳоҷирати меҳнати ба Ф.Р рафтааст. Номбурда,  ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш ба факултаи молия равоншиноси ва ҳуқуқшиносии донишгоҳи ш.Москва, дохил шуда соли 2015 онро хатм намудааст. Баъдан ӯ ба шабакаҳои интернетии “Фесбук”, “Одноклассники” ва “Имо” пайваст шуда дар шабакаи интернетии “фесбук” саҳифаи худро бо номи “Хайриддини Абдулло” созмон дода, мунтазам истифода кардааст. Баъдан ӯ дар  шабакаҳои интернети ба ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремисти терористии “ДИИШ” шинос шуда онҳоро қабул ва ҷонибдори  карда дар шабакаи интернетии “Фесбук” ба даъвати оммави барои ба амал баровардани фаъолияти экстремисти машғул шудааст. Инчунин аз шабакаҳои интернети сурати Абубакр Ал-Бағдодӣ, парчами ташкилоти экстремисти терористии “ДИИШ” ва дигар сурату наворҳои ҷангию таблиғотии аъзоёни онҳоро бо мақсади тарғибу ташвиқ дар саҳифаи интернетии худ гузошта, онҳоро ба дигарон паҳн намудааст. Нисбати шаҳрванд Достаков Х.А, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307 илова-1, қ-2 оғоз карда шудааст.

07.01.2020  ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҷамолов   Муҳаммад Шовалиевич 1996 с/т, донишҷӯи соли 4-уми факултети Омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, истиқ. ҷ/д Чортеппа, деҳ. Армуғон дастгир карда шуд. Номбурда, соли 2017 аз аъзои  равияи «Салафия»  шаҳрванд Ҳайдаров Халилҷон Аъзамҷонович 1998  с/т, истиқ. ш.Душанбе, маҳ. Қаротегин гузаргоҳи №3 таълимоти динии «Салафия»-ро омухта онро қабул ва ҷонибдори намуда то ин ҷониб ҳамчун аъзои равияи мазкур иштирок карда ба воситаи шабакаи интернети ба тарғибу ташвиқ ва ҷалби шаҳрвандон машғул шудааст. Баъдан ӯ таълимоти мазҳаби “Ҳанафия”-ро инкор карда ба пайравии таълимоти динии «Салафия», ки фаъолияти он дар асоси ҳалномаи Суди Оли Ҷум. Тоҷикистон аз 08.12.2014 сол ҳамчун иттиҳоди терроисти экстремисти маън карда шудааст мушғул гардида дар сомонаи интернетии “Телеграмм” бо мустарои  «Алиев Умар», «Муҳаммад» пайваст шуда  ақидаҳои ифротгароёнаи равияи мазкурро дар саҳифаи интернетии шахси номаълум бо номи “Абу Суҳайб” ташвиқу паҳн кардааст. Тибқи хулосаи комиссияи коршиносон аз 04.01.2020 сол дар маводу навиштаҷотҳои паҳнкардаи номбурда барангехтани кинаву адовати милли ва ақидаҳои экстримистии равияи «Салафия» ҷой дорад. Нисбати шаҳрванд Ҷамолов М.Ш. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307 иловаи 2 қ.2 ва 189 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий