Пулҳои тавассути “Золотая корона” фиристодаатонро аз “Амонатбонк” гиред

Пулҳои тавассути “Золотая корона” фиристодаатонро аз “Амонатбонк” гиред
Рӯзҳои 28 — 30 декабри соли 2019 шаҳрвандоне, ки маблағҳои худро аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон аз санаи 1 ноябр то 3 декабри соли 2019 тавассути низоми “Золотая корона” интиқол дода буданд, метавонанд танҳо аз тамоми воҳидҳои хизматрасонии БДА ҶТ “Амонатбонк” аз тамоми манотиқи кишвар гиранд. 

Дар ин бора Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳолати пайдо шудани суол ва ё мушкил шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои (44)-600-15-20, (44)-600-28-63 ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Бояд зикр намуд, ки 3 декабр интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон тавассути системаҳои интиқоли пулии “Вестерн Юнион” ва “Золотая корона” қатъ гардида буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий