Орумбекзода гуфт, кадом ояти Қуръон бояд дастури фаъолияти ҳар мусулмон бошад

Орумбекзода гуфт, кадом ояти Қуръон бояд дастури фаъолияти ҳар мусулмон бошад
Шамсиддин Орумбекзода дар 11-умин Конфронси вазирони фарҳанги Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои илм гуфт, мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки Ислом душмани терроризм аст ва он фарҳангитарин дин буда, дар худ ғояҳои ваҳдату башардустиро матраҳ сохтааст

"Фарҳанги меҳварии исломӣ ин қабл аз ҳама ваҳдату ҳамгироии аҳли башар, бахусус кишварҳои исломӣ ба шумор меравад, ки намунаи олии онро имрўз дар ҳамоиши шаҳри Тунис мушоҳида менамоем", - гуфтааст вазир.

Шамсиддин Орумбекзода ёдрас шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон, ки 97 фоизи аҳолиаш аҳли исломанд, нисбати Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО), Созмони ҳамкории Исломӣ (СҲИ) ва дар маҷмўъ ба ҳама созмонҳо ва иттиҳодияҳои динӣ ҳамкории зич дошта, пайваста мекўшад, то ин ки муносибатҳоро дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ин созмонҳо ҳарчи бештар таҳким ва густариш бахшад.

"Тоҷикистон зиёда аз 3500 – ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ мавҷуд аст, ки бештар аз 120 адади онҳо ба ёдгориҳои таърих ва фарҳанги исломӣ мансубият доранд. Яъне, ин миқдор ёдгориҳои исломро мақбараву мадраса ва масоҷид ташкил медиҳанд, ки онҳо бо таърихи хеле куҳан доштаи худ таваҷҷуҳи пажўҳишгарону сайёҳони хориҷи кишварро низ ба худ ҷалб намудаанд. Масалан, Мақбараи Хоҷа Машҳад – 1200 сол, мақбараи Муҳаммад Башоро - 900 сол, Мақбараи Хоҷа Нақшрон – 800 сол, масҷиди Шоҳи Хомуш – 800 сол, масҷиди Дур – Дур – 300 сол, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ – 700 сол ва бозёфти китоби “Қуръон” аз Қалъаи Ҳулбук мансуб ба қарни 9-уми мелодӣ ва ғайраҳо аз ҳамин қабиланд".

Вазир афзуда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад, то ин ёдгориҳои таърихии исломиро ба таври мукаммал тармим ва навсозӣ намояд, аммо пурра амалӣ намудани ин иқдом маблағгузории бештареро талаб мекунад.

"Мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки Ислом душмани терроризм аст ва он фарҳангитарин дин буда, дар худ ғояҳои ваҳдату башардустиро матраҳ сохтааст. Роҳбарияти Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ дини Исломро дини мусолиҳатомез, таҳаммулгаро ва муттаҳидкунандаи башарият дониста, онро аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб орӣ эълон доштанд", - гуфтааст Орумбекзода.

Даҳ сол қабл, соли 2009 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 1130 – солагии Имоми Аъзам Абўҳанифа доир гардида, дар кори он зиёда аз 500 нафар мутафаккирон ва фуқаҳои исломӣ аз кишварҳои гуногун ҷамъ омада, дар бораи шахсияти эшон маърўзаҳои пурмазмун ироа намуданд, иттилои комил доранд.

Ҳамзамон, бо ибтикори бевоситаи Президенти Тоҷикистон теъдоди зиёди китоби “Қуръон” дар тарҷумаи тоҷикӣ ба таври ройгон дастраси шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва иттиҳодияҳои динӣ ба 5000 расида, ҳамзамон, дари Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ба номи Имоми Аъзам ба рўи толибилмон боз буда, ҳамасола донишҷўёни зиёде ҷиҳати таҳсил ба он дохил мешаванд. Ҳамчунин дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо Кумита оид ба корҳои дин ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди давлатӣ фаъолият менамоянд.

Ҳар сол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зоирони зиёде ҷиҳати анҷом додани яке аз рукнҳои фарзӣ - зиёрати хонаи Худо сафар менамоянд. Мутобиқи иттилои Кумитаи оид ба корҳои дин ва ҷашну маросимҳои миллӣ танҳо соли равон зиёда аз 5000 нафар зиёрати Хонаи Худо намуданд.

Имрўз нисбат ба гурўҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз сўи бархе аз кишварҳои абарқудрат созмон дода шуда, сармоягузорӣ мегарданд ва бо истифода аз номи дини мубини Ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд ва тамоми мусулмонони дунё дар ин амали хайр ҳамдилу мутаффиқ бошанд ва мукаддасоти дини мубини исломро чун дустиву бародарӣ, рафоқату маърифат, имону ахлоқ, покию покизарузгорӣ ва дигар арзишҳои волои инсонӣ муҳофизат намоянд.

Фарҳанги исломӣ бояд чун як сипари ҳимояи покизагӣ ва башардустии ислом боқӣ монад. Худованд аввалин ояти Куръонро бо хитоби ИҚРА(Бихон) нозил намуд ва он бояд дастури фаъолияти ҳар як мусулмони асил бошад".

Комментарии (0)

Оставить комментарий