Хоҳари Бузургмеҳр Ёров пас аз се соли паноҳҷӯӣ аз Олмон ба Тоҷикистон баргашт

Хоҳари Бузургмеҳр Ёров пас аз се соли паноҳҷӯӣ аз Олмон ба Тоҷикистон баргашт

Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонии тоҷик шоми 14-уми декабр бо шавҳар ва шаш фарзандаш аз Олмон ба Тоҷикистон парвоз кард.

Ӯ се соли пеш аз ин кишвари аврупоӣ дархости паноҳандагӣ карда буд.

Қаблан, Ёроваи 38 сола иддао карда буд, ки дар Тоҷикистон барои фаъолиятҳои сиёсӣ нисбаташ бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне ифротгароӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Ӯ аз фурудгоҳи Франкфурти Олмон қабл аз парвоз ба Душанбе гуфт, “аз ғарибӣ хаста шудааст ва мехоҳад назди модари бемораш баргардад”.

Мақомоти Тоҷикистон дар чор соли ахир аз онҳое, ки бо гумони ифротгароӣ дар пайгард қарор доранд, даъвати бозгашт ба ватан мекунанд. Ба гуфтаи мақомот, дар ду соли ахир бештар аз 100 нафар бо эҳсоси пушаймонӣ ба ватан баргаштааст. Онҳое, ки таҳти пайгард қарор доранд, аксаран худро ифротгаро намедонанд ва мегӯянд, барои фаъолиятҳои сиёсӣ ҷутуҷӯ мешаванд.

Аксаран бозгашти онҳо бо таблиғ ва миёнаравии мақомот сурат мегирад. Ҳолатҳое низ буд, ки пас аз бозгашт бо ваъдаи афв, шаҳрвандон боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Хосият Ёрова мегӯяд, бо ҳеҷ нафар аз кормандони мақомоти интизомии Тоҷикистон бозгашташро мувофиқа накардааст ва умедвор аст, ки “ваъдаи афв иҷро мешавад”.

“Ба ватан расам ва агар воқеан ин гапҳо рост бошанд, нишасти матбуотӣ мекунам. Дар бораи зиндагиам дар Олмон нақл мекунам. Чӣ шароитҳо ҳаст, чи хел одамҳо фикр доранд, ки агар паноҳанда шаванд, ин ҷо биҳишт аст, нақл мекунам. Агар воқеан вазъият дар Тоҷикистон тағйир ёфта бошад”,--гуфт ӯ.

Ин зан мегӯяд, бо гузашти се сол дархости паноҳандагиаш дар Олмон ҳанӯз ниҳоӣ нашуда буд ва ӯ мақоми паноҳандагӣ надорад. Ду фарзандаш дар Олмон ба дунё омадаанд ва ҳоло хурдтарин фарзандаш чор моҳа аст.

Хосият Ёрова нигаҳбонии модар ва талош барои озодсозии бародарашро аз нақшаҳои ояндаи худ дар Тоҷикистон донист.

Бузургмеҳр Ёров, бародари ӯ ва адвокати маъруфи тоҷик моҳи сентябри соли 2017 бо иттиҳоми сохтакорӣ, тақаллуб ва таҳқири президент ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд. Созмонҳои байналмилалӣ ва худи Бузургмеҳр дар додгоҳ ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
Моҳе пеш, бар асоси қонуни нави афв аз ҳукми Бузургмеҳр Ёров шаш сол кам карда шуд.

Умарҷони Эмомалӣ, суханагӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон-ниҳоде, ки аз ҳама бештар паноҳандагони узви ҳизбу ҳаракатҳои мухолифи ҳукуматро барои бозгашт ба ватан ташвиқ мекунад, рӯзи 14-уми декабр гуфт, барномаи афви онҳое, ки бо ҷурми ифротгароӣ ҷустуҷӯ мешаванд ва дар ҷиноятҳои сангин даст надоранд, давом дорад.

Ӯ гуфт, дақиқан дар бораи парванда доштан ё надоштани Хосият Ёрова чизе намедонад, вале мавзуи афви пушаймоншудаҳо матраҳ аст.

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон-ниҳоди татбиқкунандаи афв рӯзи шанбе касе пайдо нашуд, ки назарашро дар ин робита баён кунад.

Давлати Тоҷикистон соли 2014 ба чанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид кард, ки бар асоси он, афроди гумонбар дар узвияти созмонҳои ифротию террористӣ дар сурати бозгашт ба ватан ва изҳори пушаймонӣ кардан, афв мешаванд. Қаблан, ин маърака ба онҳое дахл дошт, ки ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд.

Ҳоло мақомот бо ваъдаи афв бозгашти аъзоёни “Гурӯҳи 24” ва Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломиро таблиғ мекунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ин ҳизбу ҳаракатро “террористӣ ва экстремистӣ” эълон кардааст, вале пайравони онҳо мегӯянд, ин иттиҳом комилан беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий