Чӣ гуна "RIAS Inginiring" дар Тоҷикистон яхдону телевизорҳои тоҷикӣ месозад - акс

Чӣ гуна "RIAS Inginiring" дар Тоҷикистон яхдону телевизорҳои тоҷикӣ месозад - акс
Дар шаҳри Хуҷанд маркази маъмурии Суғд ба бунёди коргоҳи нави истеҳсолӣ оғоз намудаанд, ки ба тавлиди яхдону телевизиор ва дигар анвои техникаи маишӣ машғул хоҳад шуд

Ин корхонаи нав, ки “RIAS Injiniring” гуфта мешавад, аввалин корхонаи истеҳсолкунандаи телевизору яхдон, кондисионер ва дигар техникаи маишӣ бо тамғаи миллӣ дар кишвар ба ҳисоб хоҳад рафт.

Аз ширкати "RIAS Injiniring" ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки зимнан дар 1, 01 гектор замин дар минтақаи шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ба сохтмони ин коргоҳи истеҳсолӣ шурӯъ кардаанд. Бунёди ин корхонаи нави истеҳсолӣ аз сӯи соҳибкори ватанӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Анҷоми корҳои сохтмонии “RIAS Injiniring”, муддати ду сол пешбинӣ шуда қарор аст, молҳои тавлидотии ин коргоҳ аз қабили яхдону телевизор, кондисонер ва таҷҳизотҳои ҷомашӯӣ, бо тамғаи ватанӣ дар баҳори соли 2021 ба бозор арза хоҳанд шуд.

Бино ба гуфти менеҷери техникии "RIAS Injiniring", солона иқтидори истеҳсолии ин корхона аз 146 000 дона мол, аз ҷумла 50 000 дона телевизор, 30 000 дона яхдон бо навъҳои гуногун,  30 000 дона кондисионер ва аз 36 000 дона таҷҳизотҳои ҷомашӯӣ иборат хоҳад буд. 

Масъулони ин корхонаи навбунёд дар Хуҷанд мегуянд, барои истеҳсоли ин теъдод мол дар кишвар имкониятҳои истеҳсолиро дар назар гирифтаанд ва барои расидан ба ин нишондоди истеҳсолӣ умедвор ҳастанд.


Менеҷери "RIAS Injiniring" афзуд  ба ҷуз муҳаррики яхдонҳо, ки истеҳсоли онҳо зимнан дар кишвар ғайриимкон аст, дигар ҳама намуд қисмҳои эҳтиётии молу таҳҷизотҳо дар дохили коргоҳ истеҳсол карда мешаванд, ки ин омил имкон медиҳад, маҳсули коргоҳи онҳо, назар ба молу маҳсулоти воридшаванда дар кишвар арзон хоҳад буд.

"Мо нарху навои ҳама намуд техникаву таҷҳизотҳои воридшавандаро омӯхтем. Барои мисол яхдонҳои истеҳсоли шаҳрҳои Минс, Тошканд ва кишвари Хитойро.  Насиб бошад, моли мо бо нархи арзон ба бозор мебарояд", - гуфт менеҷери "RIAS Injiniring” дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон. 

Бино ба иттилоъи манбаъ ҳоло дар радифи "RIAS Injiniring" дар минтақаи шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд сохтмони корхонаи дигари санотӣ бо номи “Имран Суғд”, идома дорад. 

"Имран Суғд", ки гуфта мешавад аз сардхона ва амбори нигоҳдошти сабзавот иборат буда, имкони ғунҷонидани то 3 000 тона маҳсулоти кишоварзиро доро хоҳад буд.

"Имран Суғд" ва "RIAS Injiniring" ҳарду аз тариқи сармояи мустақим ва аз сӯи як соҳибкори ватанӣ бунёд карда мешавад.

Бо ба кор оғоз намудани ин ду коргоҳи саноатӣ ҳудуди 330 нафар бо ҷои корӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.

Мақомоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегуянд, ин ду коргоҳи ҷадидро аз шумори коргоҳу иншоотҳои беш аз 200 ададае медонанд, ки дар остонаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд бунёд хоҳанд шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий