Тоҷикистон интиқоли барқ ба Узбакистонро қатъ ва ба Афғонистон то ҳадде қоҳиш додаст

Тоҷикистон интиқоли барқ ба Узбакистонро қатъ ва ба Афғонистон то ҳадде қоҳиш додаст
Тибқи созишномаи қаблан ба даст омада, интиқоли неруи барқи Тоҷикистон ба Узбакистон танҳо моҳҳое сурат мегирад, ки эҳтиёҷоти дохили ҷумҳурӣ пурра таъмин бошад

Вазорати энержии Узбакистон тасдиқ намудаст, ки Тоҷикистон содироти неруи барқро мутаваққиф намудаст, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Далели қатъ гардидани интиқоли рушноӣ ба Ҷумҳурии Узбакистон ба фаро расидани фасли фармо ва зиёд шудани эҳтиёҷоти дохили ҷумҳурӣ рабт дода мешавад.

"Ин ғайричашмдошт набуд. Зеро қаблан роҳбарони ду кишвар ба созиш омада буданд, ки Тоҷикистон неруи барқашро ба Узбакистон танҳо дар моҳҳое, ки талаботи дохилӣ пурра таъмин аст, собирот мекунад. Маъмулан интиқоли неруи барқ аз моҳи апрел то октябр идома мекард", - гуфта мешавад дар хабар.

Зимнан, бар ивази неруи барқи Тоҷикистон, Узбакистон акнун ниёзи шаҳрвандони худро бо барқи Туркманистон таъмин мекунад.

Гуфта мешавад, аллакай рӯзи 1 - уми декабр аз Туркманистон 14,9 миллион кВт.с неруи барқ ва рӯзи 2 - юми декабр 15,4 миллион кВт.с барқ ба Узбакистон содирот гардид.

Дар ҳамин ҳол, тибқи гузориши расонаҳои дохилӣ, интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Афғонистон низ то ҳадде коҳиш ёфтааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий