Боздошти 6 донишҷӯи Петербург, ки шаҳрванди Тоҷикистонро латукӯб карданд

Боздошти 6 донишҷӯи Петербург, ки шаҳрванди Тоҷикистонро латукӯб карданд
Мақомоти интизомии Санкт - Петербург гурӯҳи ҷавононеро боздошт намуданд, ки дар латукӯби муҳориҷи тоҷикистонӣ муттаҳам дониста мешаванд

Дар шаҳри Санкт - Петербурги Русия, кормандони пулис як гурӯҳи ҷавононро боздошт карданд, ки дар латукӯби муҳоҷири тоҷик даст доштанд, хабар медиҳад "Невские новости".

Манбаъ аз боздошти 6 ҷавон гузориш медиҳад, ки дар заминаи хусумати миллӣ муҳоҷири тоҷикро мавриди латукӯб қарор доданд.

Гуфта мешавад, ҳамаи боздоштшудаҳо донишҷӯёни коллеҷи Петербург ба ҳисоб мераванд.

Ҳамла ба муҳоҷири тоҷик авоили моҳи ноябр  сурат гирифта, ӯро дар боғи Екатерингоф зери мушту лагад қарор доданд.

Зикр мегардад, ки донишҷӯён аснои латукӯби муҳоҷир аз ӯ талаб намуданд, ки қаламрави Русияро тарк кунад ва ба ватани худ баргардад.

Қайд мегардад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алайҳи донишҷӯёни боздоштшуда тибқи моддаи "авбошӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз намудаст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий