Бонувони шаҳри Бохтар қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол шуданд

Бонувони шаҳри Бохтар қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол шуданд
Дар Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар сардришини ҷадвал гардид

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷойи дуюм насиби дастаи "Зебонисо"-и шаҳри Душанбе шуд. Мавқеи сеюмро тими "Зебо"-и ноҳияи Дӯстӣ ба даст овард.

Дастаи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар дар рафти қаҳрамонӣ аз 18 бозӣ дар 16 дидор ғалаба карда, як бозиро мусовӣ анҷом дод ва дар як бозии дигар бохт. Он бо 49 хол дар ҷойи аввали ҷадвал қарор гирифт.

Дар номинаҳои дигар Меҳрона Файзуллоева аз дастаи "Хатлон" дарвозабони беҳтарин, Меҳрангез Шарипова аз дастаи "Хатлон" нишонзани беҳтарин, Некубахт Худододова аз дастаи "Зебонисо" бозингари беҳтарин ва сармураббии дастаи "Хатлон" Ашӯр Гадоев мураббии беҳтарин эътироф шуданд.

Дар Қаҳрамонии Тоҷикистон миёни бонувон 10 даста ширкат варзида, 7 даста вилояти Хатлонро намояндагӣ карданд.

Қаҳрамонӣ дар ду марҳила ҷараён гирифт ва ҳар даста бо тимҳои дигар 2 бозӣ анҷом доданд. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 12-уми ноябр дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар баргузор шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта қаҳрамонии Тоҷикистон миёни бонувон бо иштироки 6 даста доир гардида, тими "Зебонисо"-и шаҳри Душанбе ғолиб шуда буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий