Аз хизматрасонии автобусҳои муосир истифода баред! Ҳаракати микроавтобусҳои хатсайри №33 манъ карда мешавад

Аз хизматрасонии автобусҳои муосир истифода баред! Ҳаракати микроавтобусҳои хатсайри №33 манъ карда мешавад
Шурӯъ аз 16 январи соли 2019 ҳаракати микроавтобусҳои хатсайри №33 (маҳаллаи Фучик – Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) дар кӯчаи Н.Қарабоев манъ карда мешавад.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бо мақсади кам кардани шиддатнокии ҳаракат, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳр ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон роҳандозӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар ин ҳолат шумораи автобусҳои №2 (Терминали мусофирбарии Шарқ-транс — Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ), автобусҳои №18 (кӯчаи Гагарин — маҳаллаи Пахтакор), троллейбусҳои №4 (маҳаллаи Гулбутта — Фурудгоҳ), №12 (Маркази савдои Тоҷикистон – маҳаллаи Гулбутта) зиёд ва фосилаи ҳаракати онҳо кам карда мешавад.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш менамояд, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосир ва троллейбусҳо дар кӯчаи  Н.Қарабоев истифода баранд», —  илова намуд манбаъ.

Комментарии (0)

Оставить комментарий