САЛАФИЯ ДИГАР УСУЛИ ЧАЛБКУНИРО БО ХУД ИНТИХОБ НАМУД

САЛАФИЯ ДИГАР УСУЛИ ЧАЛБКУНИРО БО ХУД ИНТИХОБ НАМУД
Имрӯзҳо як қатор ҳодисаҳои ҷаҳонӣ, ки аз Қувваҳои мусаллаҳона ва ғайри инсонӣ ташаккул ёфтааст, оромии кишварро халалдор карда истодааст. Дар ин ҷараёни шадид мардуми форсу тоҷик ба як қатор дину мазҳабҳо шомиланд, кибаъзе аз ҷавонон дар ниқоби дини ислом рӯ ба ҳаргуна равияҳое, ки ақидаи инсон бад бинонадоранд, меоранд. Аз ин ҷост, ки мазҳаби салафӣ мисли як бемории сироятии заҳрнок мафкураи ҷавононро коста намуда, онҳоро водор месозад, ки даст ба ҷиноятҳо зада, фазои фарҳангӣ ва сиёсии давлатдориро дар Тоҷикистон маҳкум созанд. Ин тоифа дар Тоҷикистон ба таври пинҳони   кору фаъолият дорад. Доираи фаъолияти ин ҳизбу равияҳоро бештар ҷавононе фаро мегиранд, ки аслан аз илм, фарҳанг, донишдур ҳастанд, ғайр аз ин эътиқоду маърифати сусти динӣ низ доранд.
Дар Тоҷикистон мазҳаби мазкур ба ақидаи баъзе хориҷиён аз миёнаҳои солҳои 90 - ум пайдо шудааст. Гуфтушуниде, ки миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин вуҷуд дошт, як гуруҳ намояндаҳои Ҳизби Наҳзати Исломро ба ин гуруҳ мухолифат карданд. Роҳбарони ин наҳзатро таклиф карданд, ки гуфтушунидро бо Тоҷикистон манъ кунанд ва бо онҳо созишу оштӣ накунанд, зеро онҳо низ кофир мешаванд. Мазҳаби салафӣ боз якчанд шохаи дигаре дошт, ки яке ашгу руҳи салафии хавориҷ, ки чорсол пеш дар Тоҷикистон пайдо шуд. Дигараш салафиҳои мадхалӣ мебошанд, ки барои низомҳои ҳоким алайҳи ҳаракатҳои исломи амалҳои ҷосусиро анҷом медиҳанд.
Бояд кайд кард, ки солҳои охир дар Тоҷикистон пайдоиши ин гуруҳҳо барои осудагии кишвар хатарнокаст. Таърих гувоҳаст, ки миёни сунни мазҳабон ва шиамазҳабон ҷангу ҷидолҳо вуҷуд дошт, ки таъсираш то ба ҳол расида истодааст.  
Салафиҳое, ки дар Тоҷикистон амал мекунанд, пайравони шахсоне ҳастанд, ки дар дигар кишварҳои исломӣ ташвиқот мебаранд. Ин гуруҳ дар байни мусулмонҳо ташвиқот бурда шахсоне, ки ба онҳо мутеъ намешаванд, онҳоро кофир эълон мекунанд ва барои сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон ҳамавақт вазъиятро муташаниҷ менамоянд.
Имрӯзҳо роҳбарияти Тоҷикистон, ки бо дигар мамлакатҳои хориҷӣ алоқаҳои хуби фарҳангӣ доранд, боиси бесарусомониҳои мазҳаби салафӣ аст ва онҳо мехоҳанд, ки ин муносибатҳоро халалдор созанд. Ҳатто оддитарин маҳсулотҳои хориҷие, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд ба ақидаи салафиён истеъмоли онҳо макруҳаст.
Аксарият ҷавонони бедониш китобҳое, ки аз тарафи маблағгузаронии хориҷӣ нашр гардидаанд, аз худ кардаанду аз рӯйи он амалҳои ношоистаи инсониро паҳн намуда, осоиштагии ҷаҳонро ноором сохтаанд.
Ба фикри ман ин қадар кинаву адоват аз куҷост? Оё ин гуруҳо дамонхудро одам меҳисобида бошанд, чун ки рафторашон ба номашон мувоффиқат намекунад. Танҳо бехирадию бесаводӣ ва аз тарафи дигар таъсири хоҷаҳои хориҷиашон онҳоро ба ин амалҳои зишт бурда расондааст. 
Имрӯз мо бояд шукронаи истиқлол кунем, ва барои пешравию тараққиёт ва гулгулшукуфоии Тоҷикиситони азизи худ саҳми арзанда гузорем. Дар ниҳоди насли наврас тарбия намудани арзишҳои миллию фарҳангӣ, худогоҳии миллӣ ва хештаншиносиро тарғибу ташвиқ намоем.

Ҳасан Шамолзода,
сокини ш.Душанбе

Комментарии (0)

Оставить комментарий