Аз гуфтаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин буи ифроту ҷаҳолат меояд

Аз гуфтаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин буи ифроту ҷаҳолат меояд
Дар сомонаи ифротии isloh.net Муҳаммадиқболи Садриддин ном муаллиф маводеро бо номи “Раҳмон Исфараро бе эълон фурӯхт”доир ба сафари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руи чоп омадааст, ки пур аз фитнаву дурӯғ, кинаву адоват, сафсатагӯиҳои зидди давлату Ҳукумати кишвари азизи мо мебошад.

Мо ҳамарӯза дилсӯзиву ғамхорӣ, созандагиву бунёдкориҳои Сарвари давлатамонро мебинем ва эҳсос менамоем. Ҳар минтақаи Тоҷикистон, ки қадами Пешвои миллат мерасад, ободу хуррам мегардад. Сафари Президенти кишвар ба Исфара, ҷамоати деҳоти Ворух гувоҳи таваҷҷӯҳи хоса доштани Пешвои миллат ба ин сарзамин мебошад.

Муҳаммадиқболи Садриддин, ки мухбири сомонаи ифротиву экстремистӣ аст ва дар кадоме аз давлатҳои хориҷӣ ба косалесӣ ва ғуломии Хоҷагони хориҷиаш машғул мебошад, мисли занҳои лаби ҷӯй бо такя ба тахминотҳои беасос Сафари Пешвои миллат ва мулоқоти расмӣ бо Президенти Қирғизистонро зери танқид қарор додааст. Аз ахбороти сомонаҳои расмӣ ба мо маълум мегардад, ки Сарварони ду кишвар дар баробари дигар масъалаҳо муайян намудани хатти сарҳадотро ҳамчун мавзӯи калидӣ баррасӣ намуданд, ки онбарои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҳаллу фасл гардидани баҳсҳои сарҳадӣ мусоидат менамояд. Ба Муҳаммадиқболи Садриддин гуфтанием, ки делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадотро Президентҳо не балки комиссияи махсус ҳаллу фасл менамояд, ки ба ин мақсад таъсис дода шудааст.

Дар мақолаи беасоси М.Садриддин ишора мегардад, ки Президенти кишвар ба Исфара, Истаравшан ва Мастчоҳ кам сафар мекарда бошанд. Сарвари давлати мо мисли дили бузург доранд, мардуми ҳар як минтақаи Тоҷикистон, деҳот, ҳатто деҳаҳои дурдастро дуст медоранд ва эҳтиром мекунанд, мисли офтоб ҳастанд, ки ба тамоми минтақаҳои марзиву маъмурии Ватанамон баробар нурпошӣ менамоянд.

Муаллиф савол мегузорад, ки “чаро то ин дам масъалаи муайян кардани хатти сарҳадот ҳалли худро наёфтааст?” Ба ин саволи бемантиқ чунин гуфтанием, ки сабаби аввалин, ҷанги шаҳрвандӣ, ки мисли Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар хоинони фурӯхташудаи миллат сабабгорастанд. Сабаби дигар бефаҳмӣ, бемаданиятӣ ва таҳаммулнопазирии ҷониби қирҳизҳо, ки ҳар давраи гуфтушунид баҳонаҳои беасосро пеш меоранд ва муқаррароти санадҳои қабулшударо вайрон мекунанд. Ба фикри мо инчунин як тарафи сеюм ё қуввае вуҷуд дорад, ки душмани ҳарду кишвар ва халқи ҳамсоя аст, ва барои тезу тунд кардани муносибатҳамеша ҳаракат мекунад.

Сарвари давлатамон, ки унвони баланди Асосгузори сулҳу ваҳдатро доранд, ҳамеша ҷонибдори сулҳ, дар минтақа ва ҷаҳон ҳастанд, масъалаи муайянкунии сарҳадро низ ба таври осоишта ҳаллу фасл менамоянд.

Муҳаммадиқболи Садриддинва дигар хоинони пасипардагии миллатро гуфтанием, ки агар онҳо ғами халқу миллати тоҷикро мехӯрданд, имрӯз дар Тоҷикистон истода Ватанро обод мекарданд на аз дур истода, ҳангомаю фолбинӣ кардан.
Ҷабборов И. – декани факултети таърих ва ҳуқуқ

Комментарии (0)

Оставить комментарий