Фармони нави Путин дар бораи патенту муҳоҷирон: кадом сабукиҳо мемонанду кадом не?-видео

Фармони нави Путин дар бораи патенту муҳоҷирон: кадом сабукиҳо мемонанду кадом не?-видео
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, бо имзои як фармон сабукиҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ дар марҳилаи пандемияро тамдид кард, аммо бархе шартҳои навро ворид намудааст

Тибқи тавзеҳоти фармони ҷадиди Путин, агар муҳлати санадҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия то 15 сентябр анҷом ёбад, он тариқи автоматӣ тамдид карда мешавад.

Дар феҳрасти санадҳое, ки муҳлати амалашон то 15 сентябр тамдид мешавад, иҷозатномаи иқомати муваққатӣ – РВП, санади иқомат–ВНЖ, раводид, қайд дар ҷои истиқомат, сабт дар мақомоти муҳоҷират, шаҳодатномаи паноҳандагӣ ва санади кӯч ба Русия ном бурда шудаанд.

Аммо дар мавриди патент ва иҷозатномаи кор таъкид шудааст, ки баъд аз 15 июн кор бидуни ин аснод иҷозат дода нахоҳад шуд ва афроде, ки хоҳиши кори қонунӣ доранд, бояд ҳаққи патенту иҷозатномаи корро пардохт кунанд.

Тибқи фармони қаблӣ кор бидуни патент то 15 июн иҷозат дода шуда буд.

Вадим Коженов, президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия, бо нашри як видео тафсилоти фармон ва қоидаҳои баъди 15 июнро шарҳ додааст.



Фармони нави Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия 16 июн мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола садҳо ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон барои дарёфти қути лоямут ба Русия сафар мекунанд ва дар марҳилаи пандемия теъдоди зиёдашон дар ин кишвар дармонданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий