Мақомоти Ӯзбекистон аз боздошти 25 узви созмони террористӣ хабар доданд

Мақомоти Ӯзбекистон аз боздошти 25 узви созмони террористӣ хабар доданд
Дар Ӯзбекистон 25 нафар аъзои СБТ "Тавхид ва жиход катибаси" дастгир шуданд. Созмони террористии байналмилали "Тавхид ва жиход катибаси" ба рӯйхати созмонҳое, ки фаъолияташон дар Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар мамнӯъ аст, шомил мебошад

Зимни амалиёти фаврии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон 25 узви созмони террористии байналмилалӣ (СТБ) «Тавхид ва жиход катибаси» (ТЖК), ки дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд махфиёна амал мекарданд, дастгир гардиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои мавҷуда, ин афрод зери таъсири як шаҳрванди Ӯзбекистон ва ҳаммаслакони ӯ, ки дар сафи СТБ ТЖК дар Сурия фаъолият мекунанд, қарор гирифта, ният доштанд, ки ба Ҷумҳурии Арабии Сурия ҷиҳати анҷом додани «ҳиҷрат» ва «ҷиҳод» сафар кунанд.

Миёни онҳо се нафар қаблан барои ҷиноёти марбут ба терроризм ва ифротгароӣ муҷозот шуда буданд.

Зимни кофтукови 25 суроға дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд дар ҷойҳои зисти шахсони дастгиршуда далелҳои шайъӣ ёфт гардида, тибқи талаботи қонунӣ ба расмият дароварда шудаанд.  Оид ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома доранд.

Созмони террористии байналмилали «Тавхид ва жиход катибаси» ба рӯйхати созмонҳое, ки фаъолияташон дар Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар мамнӯъ аст, шомил мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий