Жээнбеков дар Қирғизистон қарантин шуд: натиҷаи ташхиси ӯ номаълум аст

Жээнбеков дар Қирғизистон қарантин шуд: натиҷаи ташхиси ӯ номаълум аст
Кишвардори Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, ба далели ошкор шудани маризии коронавирус дар ду узви ҳайати ин кишвар, ки раисҷумҳурро дар сафар ба Русия ҳамроҳӣ мекарданд, натавонист дар тантанаҳои Рӯзи Пирӯзӣ иштирок кунад

Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ҳарчанд ба хотири ҳузур намудан дар тантанаҳои Рӯзи Пирӯзӣ озими Русия шуд, аммо натавонист дар ин чорабинӣ иштирок кунад.

Пас аз муайян шудани олудагии ду узви ҳайати ҳукумати Қирғизистон ба маризии коронавирус, Жээнбеков ба ватан баргашт ва ба худҷудоӣ.

Бар хабари котиботи раисҷумҳури Қирғизистон, ташхиси Жээнбеков барои муайян кардани олудагии ӯ ба коронавирус гирифта шуд.
То дақиқ шудани натиҷаи ташхис, Жээнбеков дар қарантин хоҳад монд, - таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, дар баробари кишвардор ҳамчунин ташхиси дигар аъзоёни ҳукумат, ки ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ намуданд, гирифта шуд. Гуфта мешавад, натиҷаи ташхиси Жээнбеков ва зердастони ӯ се рӯз пас муайян мешавад.

Котиботи раисҷумҳури Қирғизистон хабар дод, ки Жээнбеков қабл аз баргаштан ба ватан бо кишвардори Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Ёдрас мешавем, рӯзи 23 - юми июн раисҷумҳури Қирғизистон бо сафари расмӣ барои иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Пирӯзӣ озими Русия шуд.

Мувофиқи низомнома пас аз расидани ҳайати кишвар аз ташхиси коронавирус гузаштанд. Натиҷаҳои он муайян карданд, ки ду узви ҳайати Қирғизистон мабталои КОВИД-19 будаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий