Афзоиши гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон: 191 ҳолар дар як шабонарӯз

Афзоиши гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон: 191 ҳолар дар як шабонарӯз
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон омори нави гирифторони коронавирусро дар ин кишвар нашр кардааст, ки рӯ ба афзоиш дорад

Дар Ӯзбекистон шумораи шахсони мубталои коронавирус танҳо дар як шабонарӯзи гузашта 191 нафар афзуда, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ин кишвар.

Тибқи маълумоти ин ниҳод, ба ҳолати субҳи 21 июн дар ин кишвар теъдоди гирифторони коронавирус ба 6,2 ҳазор нафар расид.

"Ба ҳолати 21 июн шумораи ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон 6 216 нафар аст", - гуфтанд вазорати тандурустӣ.

Манбаъ мегӯяд, шумораи умумии одамоне, ки аз коронавирус сиҳат шудаанд ба 4,290 нафар мерасад.

Дар ҳоли ҳозир 1907 нафар шаҳрвандон аз коронавирус табобат гирифта, вазъи 15 тани дигар вазнин арзёбӣ мешавад.

Дар пайи зиёдшавии гирифторони ин беморӣ қаблан бо қарори Комиссияи вижаи ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 дар Ӯзбекистон вилоятҳои он вобаста ба густаришу олудагӣ ба вирус ,ба минтақаҳои "сурх", "зард" ва "сабз" тақсим шуда ва чораҳои қатъии эпидемикӣ то 1 август нигоҳ дошта мешавад.

Ҳамин тавр, дар ҳудуди Ӯзбекистон то 1 август пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи антисептикҳо ҳатмӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Узбакистон 15 март дар зане, ки аз Фаронса ба ватанаш баргашт, расман сабт шуд.

Ҳукумати Ӯзбекистон сар аз пайдоиши ин беморӣ дар ин кишвар чораҳи қатъӣ аз ҷумла қарантинаро роҳандозӣ кард.

Ба наздикӣ мақомоти Узбакистон қарантинро дар ҷумҳурӣ то 15 июн тамдид карда буданд, аммо дар минтақаҳое, ки шуюи коронавирус паст гаштанд аз 1 июн ба нуқтаҳои маишӣ ва гузаронидани тую маъракаҳо иҷозат дода шуд.

Ҳамчунин, аз 18 май инҷониб равуои нақлиёти мусофирбар байни Тошканд ва дигар минтақаҳои Узбакистон барқарор карда шуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий