Дипломҳои донишгоҳи Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон эътироф мешаванд

Дипломҳои донишгоҳи Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон эътироф мешаванд
Акнун дипломҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар тамоми дунё эътироф хоҳанд шуд

Минбаъд дипломҳои се ихтисоси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) дар шаҳри Хуҷанд дар ҷаҳон эътироф мешаванд.

Ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарзи ДДҲБСТ барои дарёфти шаҳодатномаи мақоми байналмиллалӣ муаррифӣ шудаанд.

Коршиносони Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон се ихтисосҳои амалкунандаи ДДҲБСТ и Хуҷандро мавриди баррасӣ қарор дода, барои дарёфти аккредитатсия ё шаҳодатномаи мақоми байналмиллалӣ эътироф намудаанд.

Дар ин бора Сино Ғафурӣ, як масъули шӯъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд ба  Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино бар иттилои манбаъ Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон, муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарз аз ихтисосҳое дар ДДҲБСТ будаанд, ки сифати таҳсил барои донишомӯзон ба стандартҳои муосир мутобиқ карда шудааст.

Ҳамин тавр дар ҷаласаи рӯзи 22-июн ба ректори ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд шаҳодатномаҳои дорои эътибори байналмиллалӣ тақдим карда шуд.

Масъулини донишгоҳ қайд намуданд, ки ин аввалин ҳодисаи дарёфти шаҳодатномаи байналмиллалӣ дар Тоҷикистон аст, ки танҳо ҳоло ДДҲБСТ соҳиб гаштааст.

ДДҲБСТ соли 1993 дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуда, зимнан аз рӯи беш аз 30 ихтисос мутахассис омода мекунад.

Масъулони ДДҲБСТ дарёфти ин се шаҳодатномаи дорои мақоми байналмиллалиро аз комёбие медонанд, ки афзалиятҳои зиёд дорад.
Минбаъд дипломҳо аз рӯи ин се ихтисос ба шумули Тоҷикистон дар миёни дигар давлатҳо ҳам бидуни мушкил эътироф хоҳад шуд.

Read more: https://sputnik-tj.com/education/20190625/1029245468/Diplom-Donishgoh-davlati-bisnes-Khujand-jahon-etirof-.html

Комментарии (0)

Оставить комментарий