Вазири тоҷик мансаби нави Қоимдодовро пурмасъул хонду шодбош гуфт

Вазири тоҷик мансаби нави Қоимдодовро пурмасъул хонду шодбош гуфт
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон таъиноти Қозидавлат Қоимдодовро ба мақоми роҳбари Бунёди рушди Оқохон дар кишвар шодбош гуфт
Сироҷиддин Муҳриддин Қозидавлат Қоимдодовро охири ҳафтаи гузашта ба ҳузур пазируфа, густариши ҳамкориҳо бо Бунёди рушди Оқохонро баррасӣ кардааст, хабар доданд расонаҳои Тоҷикистон бо такя ба дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар.

Вазири умури хориҷӣ таъиноти Қоимдодовро ба мақоми пурмасъул шодбош гуфта, ба ӯ дар густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Бунёди рушди Оқохон муваффақият таманно кардааст.
Бунёди рушди Оқохон дар бахшҳои гуногуни навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, маориф, энержӣ ва ғайра фаъолият мекунад.
Қозидавлат Қоимдодов, ки роҳбари нави Бунёди рушди Оқохон дар кишвар таъин шудааст, қаблан сафири Тоҷикистон дар Белорусия ва кишварҳои назди Балтик буд.
Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия
SPUTNIK / СТАС ЭТВЕШЗавқибеков дар бораи ҷоизагирӣ аз дасти Оқохони IV: ин ифтихори бузург астҚозидавлат Қоимдодов, зодаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ буда, 69 сол дорад. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон ва мактаби ҳизбии Тошканд буда, дар мақомҳои гуногун дар Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст. Ӯ аз соли 1990 вакили Шӯрои олӣ ва солҳои 2000- 2005 муовини нахуствазири Тоҷикистон буд.
Қоимдодов солҳои 2005 – 2009 дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва солҳои 2009 – 2017 ба ҳайси сафир дар Белорус ва кишварҳои назди Балтик фаъолият кард.
Қозидавлат Қоимдодов бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 ба нафақа фиристода шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий