Духтари президенти Узбекистон фаъолияти марказҳои матбуотиро танқид кард

Духтари президенти Узбекистон фаъолияти марказҳои матбуотиро танқид кард
Саида Мирзиёева, духтари калонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки ахиран муовини мудири Оҷонсии иттилоот ва иртибототи оммавии назди президент таъйин шуд, фаъолияти марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ ва кормандони ин марказҳоро танқид кард.
Саида Мирзиёева дар саҳифаи Facebook навишт, ки бо омӯзиши афкори мутахассисон ва таҷрибаи хориҷӣ "бо таассуф бояд қабул кард, ки фаъолияти марказҳои матбуотии вазоратҳо ва ниҳодҳои давлтӣ дар сатҳи пойин қарор дорад".
"Дар пайи фаъолияти нокомили марказҳои матбуотӣ ва мавҷуд набудани фаҳмиши ҳамкорӣ бо расонаҳо, сокинони кишвар аз ҷараёни ислоҳот иттилои хеле кам дарёфт мекунанд ва аз муҳтавои тасмимҳои президенту ҳукумат бехабар мондаанд. Фаъолияти густардаи ҳукумат дуруст инъикос намешавад ва дар дохилу хориҷи кишвар аз он огоҳии камтар доранд. Ба ҳамин далел аст, ки ахбори носаҳеҳ пайдо мешавад, танқидҳо сар мезананд ва марказҳои матбуотӣ ҳеч вокунише нишон намедиҳанд, ки дар ниҳоят норозигии мардумро ба бор меорад", - навишт Мирзиёева.
Вай дар идома афзудааст, ки "дар марказҳои матбуотӣ норасоии кадрҳо, камбуди дастгоҳҳо ва сатҳи пасти ихтисоси кормандон" дида мешавад. Мирзиёева пешниҳод кард, ки дар робита ба ҳалли мушкил чораҷӯӣ шавад.
Духтари калонии президенти Узбекистон Саида Мирзиёева 12-уми апрели соли ҷорӣ ба мақоми муовини мудири Оҷонсии иттилоот ва иртибототи оммавии назди президент таъйин шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий