РАИСИ АНДОЗИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БИНОБАР ДУЗДИИ БУЧАИ КИШВАР АЗ ВАЗИФААШ БАРКАНОР ШУД.

РАИСИ АНДОЗИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БИНОБАР ДУЗДИИ БУЧАИ КИШВАР АЗ ВАЗИФААШ БАРКАНОР ШУД.


Дар пайи интиқоди президент Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумъахон Нурзода, сардори раёсати андози вилояти Хатлон аз мақомаш барканор гардида, ба ҷои ӯ Соҳиб Раҷабов, собиқ сардори нозирони андози ноҳияи Фирдавсӣ таъйин шудааст. 

Барканории Нурзодаро ба эътирози ахири соҳибкорони бозори ноҳияи Шаҳритӯс рабт медиҳанд. Мақомот ибтидо се соҳибкорро ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва муқобилият ба кормандози андоз айбдор карданд, вале президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 май дар суханрониаш гуфт, видеои эътирози соҳибкорони Шаҳритӯсро тамошо кардааст. Ӯ кормандони андозро айбдор кард ва гуфт, "Корманди андоз ба ҷони мардум расидагӣ!”

Раиси кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода рӯзи 15 май дар як ҷаласа чанд мақоми баландпояи ин ниҳод, аз ҷумла чанд хешу табори худро аз мақом барканор кардааст. Дар ин ҷаласа ҳамин тавр, Ҷумъахон Нурзода аз мақоми сардори раёсати андози вилояти Хатлон барканор шудааст. 

Нашрияи "СССР” хабар дод, ки ба ҷои Нурзода Соҳиб Раҷабов роҳбари нави раёсати андози вилояти Хатлон таъйин шудааст. Раҷабов то кунун сардори нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буд.

Барканории Ҷумъахон Нурзодаро ба як рейди мақомоти андози вилояти Хатлон дар бозори ноҳияи Шаҳритӯс ва интиқоди тунди президент Эмомалӣ Раҳмон аз муомилаи бади кормандони андоз бо мардум рабт медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 май дар мулоқот бо намояндагони блоки иқтисодӣ ва гумруку андоз бори аввал ошкор кард, ки аз видеоҳое, ки дар Интернет нашр мешаванд, хабар дорад. Ӯ аз қазияи бархӯрди бади кормандони андоз бо соҳибкорони бозори ноҳияи Шаҳритӯс ёдовар шуд ва гуфт: "Масъала дар интихоб ва ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аст. Кадрҳо на аз лиҳози касбият, фақат аз лиҳози кӣ хешу табори кӣ аст, таъйин карда мешаванд. Маълумоташро ҳам нигоҳ намекунанд, саводашро ҳам намепурсанд. Ва мисле ки дар ноҳияи Шаҳритӯс партофтанд ахиран дар Интернет. Тамошо кардед? Корманди андоз ба ҷони мардум расидагӣ!”

Рӯзи 30 апрел дар пайи як рейди кормандони андоз дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритӯс савдогарони бозор, аксар занон эътироз карданд. Мақомот ба дунбол се соҳибкор, аз ҷумла ду занро ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва муқобилият ба кормандони андоз айбдор карда, ба зидди онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ кушоданд. Додгоҳи Шаҳритӯс рӯзи 9 май, дар арафаи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти андозу гумрук ва молияву бонк Кароматулло Шеховро ба 6 рӯзи ҳабс маҳкум кард. Вале баъди суханони президент гумон аст, ки дигар ягон додгоҳ ҷуръат кунад ва ду зани дигарро, ки низ баъди он эътироз ба зиддашон парванда кушодаанд, маҳкум ба ҳабс кунад ё ягон ҷазои дигар диҳад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 май ҳамчунин муовинони раиси Кумитаи андоз Юсуфӣ Пӯлодҷон Султон ва Сафарзода Лола Ҳакимро аз мақом барканор кард, вале ба худи раиси ин кумита Нусратулло Давлатзода кордор нашуд. Дар як соли охир ин бори дуюм аст, ки Эмомалӣ Раҳмон муовинони раиси Кумитаи андозро барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ барканор мекунад, вале худи Давлатзодаро кор намегирад.

Сарчашма: https://akhbor.com/-p9225-167.htm

Комментарии (0)

Оставить комментарий