САРХАТИБИ НУРОБОД: КАСЕ НАМОЗИ ҶУМЪАРО МАНЪ НАКАРДААСТ (НАВОР)

САРХАТИБИ НУРОБОД: КАСЕ НАМОЗИ ҶУМЪАРО МАНЪ НАКАРДААСТ (НАВОР)
Сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Нуробод Домулло Изомиддин Абдулҳайзода, фарзанди рӯҳонии маъруф Махдуми Муҳаммадикрови Муҷахарфӣ дар як видео хабарҳои нашршуда дар бораи манъи намози ҷумъаи рӯзи 26 апрел дар масҷидҳои ин ноҳияро "иғвои навбатии душманони осудагии Тоҷикистон” номида, рад кардааст. Аммо сархатиб дар паёми видеоияш бештар бо ситоиши хидматҳои президент Эмомалӣ Раҳмон маҳдуд шуда, ягон далели собиткунанда, ки рӯзи 26 апрел дар масҷидҳои Нуробод намози ҷумъа доир шуд, барои мисол, ягон акс ё видео аз ҷараёни он намозҳо наовард. Сокинони Нуробод бо исрор мегӯянд, ки намози ҷумъаи гузашта дар масоҷиди ноҳия бо амри раиси Нуробод Ҳасани Дӯстзода манъ карда шуд ва ба мардум гуфтаанд, ки танҳо баъди иҷрои нақшаи даъват ба артиш ба баргузории намоз аз нав иҷозат хоҳанд дод.

Домулло Изомиддин Абдулҳайзода, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Нуробод ва узви Шӯрои уламои Маркази исломӣ (муфтиёти собиқ)-и Тоҷикистон дар як видеои 7-дақиқагӣ, ки рӯзи 2 май дар яке аз каналҳои марбут ба "фермаи ҷавоб” – ниҳоди таблиғотии мақомоти амниятии Тоҷикистон нашр шуд, асосан ба тавсифу ситоиши сиёсати президент Эмомалӣ Раҳмон дар масоили дин пардохта, мегӯяд, мусалмонони Тоҷикистон ва аз ҷумла сокинони Нуробод дар беҳтарин шароит зиндагӣ мекунанд.

Домулло Изомиддин аз ҷумла таҷлили Соли Имоми Аъзам, ироаи мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломӣ ва рӯзҳои истироҳат эълон кардани рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбонро аз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар амри боло бурдани худшиносии динии мардум меномад.

Аммо дар масъалаи баргузор нашудани намози ҷумъаи гузашта дар масҷидҳои Нуробод сархатиби ноҳия мегӯяд, ин хабар "иғвои навбатӣ”-и онҳоест, ки тинҷиву осудагиии Тоҷикистонро чашми дидан надоранд: "Ман ҳамчун хатиб намози ҷумъаро барпо кардем, мардум тибқи одати ҳарвақта дар намоз иштирок кардем. Ва то имрӯз ягон имом шикоят накардааст, ки намозро манъ карда бошанд.”

Домулло Изомиддин Абдулҳайзода фарзанди рӯҳонии шинохта Махдуми Муҳаммадикром ва набераи рӯҳонӣ ва шоири маъруф Махдуми Абдулҳайи Муҷахарфӣ мебошад.



Ва аммо сархатиби Нуробод барои исботи гуфтаҳояш ягон далеле, барои мисол, аксе ё видеое аз иштироки мардум дар намози ҷумъаи рӯзи 26 апрел дар масҷидҳои Нуробод намеорад, ҳарчанд дар масҷидҳо, бо талаби мақомот, видеокамераҳо гузошта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони Нуробод бо исрор мегӯянд, ки рӯзи 26 апрел дар масҷидҳои ин ноҳия намоз доир нашуд. Мақомот гуфтаанд, ки то нақшаи даъват ба артиш иҷро нашавад, бо фармони раиси ноҳия Ҳасан Дӯстзода, намозҳо дар масҷидҳо манъ карда мешаванд.

Нахустин шуда, дар ин бора сомонаи "Ахбор” алакай рӯзи 27 апрел гузориш дода буд. Ин гузоришро метавонед инҷо мутолиа кунед:

Рӯзи 26 апрел дар ягон масҷиди ноҳияи Нуробод намози ҷумъа доир нашуд. Мақомоти ноҳия гуфтаанд, бо фармони раиси Нуробод Ҳасани Дӯстзода, намози ҷумъа танҳо баъди иҷрои нақшаи даъват ба саффи қувваҳои мусаллаҳ иҷозат дода хоҳад шуд. Дар масҷиди маркази қадимаи ноҳияи Нуробод аз қабл ба имом занг задаанд, ки намозгузоронро ҷавоб диҳад. Вале дар маркази нави ноҳия мақомот намозгузоронро замоне аз масҷид берун кардаанд, ки мардум баъди гуфтани қомат барои адои намози ҷумъа саф мекашиданд. То кунун дар бораи мавридҳои зиёди "облава” ва ҳатто барои чанд рӯз боздошт кардани волидони ҷавонони даъватшаванда гузоришҳо ба даст расида буд, вале манъ кардани намози ҷумъа ба сабаби нафақат иҷро нашудани нақшаи даъват, балки ба ҳеҷ як сабаби дигар дар Тоҷикистон ҳатто дар даврони Шӯравӣ рух надода буд. Сокинони Нуробод мегӯянд, маҳз чунин мансабдорони худобехабар ва ҳезалак бо чунин хидматҳои хирсонаашон обрӯи президент ва ҳукумати Тоҷикистонро дар чашми мардум ба хок яксон мекунанд.

Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон дар як ноҳияи ин кишвар намози ҷумъаро билкулл манъ карданд. Ҳодисае, ки ба ҳеҷ далелу ваҷҳ на дар 27 соли истиқлоли Тоҷикистон ва на дар тӯли беш аз 70 соли ҳукумати Шӯравӣ, ки сиёсаташ расман бехудоӣ (атеизм) буд, рух надода буд.

Сокинони ноҳияи Нуробод ба сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки рӯзи 26 апрел дар ягон масҷиди ин ноҳия намози ҷумъа доир нашуд.

Мақомоти ноҳия ба масъулони масҷидҳо гуфтаанд, ки бо фармони раиси Нуробод Ҳасан Дӯстзода, намозҳо дар масҷидҳо танҳо баъди иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ба саффи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон иҷозат дода хоҳад шуд. Ин мақомот гуфтаанд, ки қарор аст, ба зудӣ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Нуробод боздид кунад ва ҷаноби раис Дӯстзода мехоҳад, ки Нуробод ҳанӯз то сафари президент нақшаи даъват ба артишро иҷро кунад ва "ягон проблема нашавад”.

"Маҳз ҳамин гуна раисони худобехабар ва масъулиятношинос, ки ба ҷои салла калла меоранд, бо хидматҳои хирсонаи худ обрӯи ҳукумат ва президентро дар чашми мардум мерезонанд. Намози ҷумъаро дар Нуробод иттифоқан дар рӯзе манъ карданд, ки раиси парлумон Шукурҷон Зуҳуров роҳбарони идораи зиддимонополиро мазаммат мекард, ки бо як қарори худ обрӯи президентро ба замин заданд. Вале ин мансабдорони мо аз як гӯшашон медарояду аз дигараш мебарояд. Кай парво доранд? Охир дар таърих, ҳатто дар солҳои ҷанг касе намози ҷумъаро манъ накарда буд! О, намози ҷумъа, ки як фаризаи илоҳист, чӣ рабте ба нақшаи даъвати шумо дорад?” - бо эҳсос шикоят мекунанд сокинони Нуробод.

Ҳасан Дӯстзода – зодаи деҳаи Себак ва узви ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон - аз 28 апрели соли 2015, инак як рӯз кам 4 сол боз раиси ноҳияи Нуробод аст.

Як сокини ноҳияи Нуробод гуфт, рӯзи 26 апрел дар масҷиди маркази нави ин ноҳия азони намози ҷумъаро доданд, ҳатто қомат ҳам гуфта шуд ва мардум тоза барои адои намоз саф мекашиданд, ки намояндагони мақомот вориди масҷид шуданд ва садҳо намозгузори ҷамъшударо аз масҷид берун карданд: "Рӯирост гуфтанд, ки то вақте ки бачаҳоятонро барои хидмати ҳарббӣ насупоред, ягон намоз-памоз нест!”
Ба гуфтаи сокини дигари Нуробод, дар маркази кӯҳнаи ин ноҳия имоми масҷидро чанде пеш аз шурӯи намоз занг зада, талаб кардаанд, ки мардумро ба масҷид роҳ надиҳад ва намози ҷумъаро доир накунад: "Кормандони масҷид дар дами дарвоза истода, мардумеро, ки барои намози ҷумъа меомаданд,шармида-шармида аз роҳ мегардонданд, ки баргардед, имрӯз намоз намешавад. Чунин ҳодисаро ҳатто кӯҳансолон бори аввал шоҳид шуданд. 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳамин Нуробод ҷангу ҷӯш буд, вале ягон бор ягон кас намози ҷумъаро манъ накарда буд. Дар 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ касе намози ҷумъаро манъ накард, ҳарчанд сиёсати давлати Шӯравӣ атеизм, яъне бехудоӣ буд. Имрӯз Ҳасан Дӯстзода ба хотири ҳифзи мансабу курсиаш аз пеши худ гирифту намози ҷумъаро манъ кард дар тамоми Нуробод!”
Сокинон аз деҳаҳои чанд дараи гуногуни Нуробод низ дар суҳбат бо "Ахбор” тасдиқ карданд, ки рӯзи 26 апрел дар масҷидҳои деҳоти онҳо низ намози ҷумъаро иҷозат надодаанд.

Ба ҳисоби умумӣ, рӯзи 26 апрел мақомот ба дари беш аз 30 масҷиди Нуробод қуфл ва ба бархеаш ҳатто муҳр задаанд, ки мардум ворид шуда натавонанд.

Мавсими баҳории даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1 апрел оғоз ёфта, то 31 май давом мекунад. Аз оғози ин мавсим дар бораи чандин мавриди "облава”, яъне зӯран ба хидмат бурдани ҷавонон ва ҳатто аз Исфара дар бораи боздошти волидони чандин ҷавон дар ҷамоатҳои Чоркӯҳу Ворух бо талаби аз Русия баргардондану барои хидмати ҳарбӣ ҳозир кардани фарзандонашон гузоришҳо ба даст расида буд.

Вале ин ки раиси як ноҳия чунин кӯтоҳандешона ба хотири иҷрои зудтари нақшаи даъват намози ҷумъаро манъ кунад, ҳодисае бесобиқа буда, на дар таърихи навини Тоҷикистон ва на дар 70 соли даврони Шӯравӣ боре ҳам рух надодааст.

Дӯстзода Ҳасан Тағдир

2 январи соли 1974 дар деҳаи Себаки ҷамоати деҳоти Комсомолободи ноҳияи Нуробод таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1996 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистонро бо ихтисоси "Муносибатҳои иқтисодии байналмиллалӣ” хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1997-1998 ба сифати раиси Иттифоқи касабаи соҳаи кишоварзии ноҳияи Нуробод оғоз намуд. Баъдан дар вазифаҳои мутахассиси дараҷаи дуюми шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Дарбанд, мутахассиси дараҷаи аввали шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Дарбанд ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Дарбанди кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2006 то 2010 раиси ҷамоати деҳоти Комсомолобод ва солҳои 2010 то 2015 ҳамчун муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод адои вазифа намудааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели 2015, №473 дар мансаби раиси ноҳияи Нуробод таъин карда шуд.

Мушовири давлатии дараҷаи 2 мебошад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод интихоб шудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.07.2016, №723 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

Ҳамчунин, «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, бо медалҳои ҷашнии «100-солагии Матбуоти тоҷик», «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945», «70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945» «20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «25-солагии ТҶММ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «Барои мусоидат» ва нишони ҷашнии «80-солагии Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.

Аъзои ҲХДТ.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий