Путин ба сокинони ду вилояти Украина гирифтани шаҳрвандии Русияро осон кард

Путин ба сокинони ду вилояти Украина гирифтани шаҳрвандии Русияро осон кард
Фармони раисҷумҳур барои "ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо дарназардошти қонун ва меъёрҳои байналмилалӣ" ба имзо расидааст

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он ба сокинони ду вилояти Украина - Донетск ва Луганск гирифтани шаҳрвандии Русия осон мешавад. Санади мазкур дар вебгоҳи Кермл мунташир шудааст.

"Муқаррар карда шавад, ки шахсони дар ҳудудҳои алоҳидаи Донетск ва Лугански Украина истиқоматкунанда, барои гирифтани шаҳрвандии Русия  бо низоми сода мувофиқи моддаи 14 қонуни Федералии Русия аз 31 майи соли 2002 таҳти рақами 62 "Дар бораи шаҳрвандии Русия" ариза пешниҳод кунанд", - гуфта мешавад дар фармони Путин.

Таъкид мешавад, ки фармони раисҷумҳур барои "ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо дарназардошти қонуни меъёрҳои байналмилалӣ" ба имзо расидааст.

Моҳи ноябри соли гузашта Украина вуруди шаҳрвандони Русия - мардони аз 16 то 60-соларо маҳдуд кард. Кремл гуфт, ки Маскав ба ин иқдоми Украина посух намегӯяд, баръакс ба шаҳрвандони кишвар раванди додани шаҳрвандиро осон мекунад.

Моҳи декабр президент қонунеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он раиси ҷумҳур метавонад бо мақсадҳои гуманитарӣ гурӯҳи шаҳрвандонеро муайян кунад, ки бо низоми сода метавонанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.  ВУД гуфт, ки ин қонун асосан ба сокинони шимолу шарқи Украина дахл дорад.

Феълан дар Русия ҳудуди ним  миллион сокинони ин минтақа қарор доранд. Аз онҳо 77 ҳазорашон мақоми шаҳрвандӣ доранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий