Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муҳимияти шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия, ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи кори Комисссияи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва Ассамблеияи байнипарлумонии ИДМ таъкид карда шуд ва муносибатҳои байнипарлумонӣ асоси маҷмуи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Россия арзёбӣ гардид.

Доир ба рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат,ҳамкориҳои гуногунҷанба байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Россия, ҷалби бештари сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои манфиатбори дуҷониба дар соҳаҳои илму техника, фарҳангу иттилоот, тайёр кардани кадрҳои баланихтисоси соҳаи маориф ва забономӯзӣ табодули афкори судманд баргузор шуд.

Дар мулоқот барои дарёфти роҳҳои нави рушди ҳакориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии Тоҷикистон ва масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

Ҷонибҳо ҳамзамон масоили марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳу услуҳои нави тақвияти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий