Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланд дар Бухарест иштирок намуд

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланд дар Бухарест иштирок намуд
15 апрели соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин зимни сафари корӣ ба шаҳри Бухарест дар Конфронси сатҳи баланд  таҳти унвони «Ҳамбастагӣ барои рушди устувор» иштирок ва суханронӣ намуд. 

«Дар конфронси мазкур масъалаҳои марбут ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд»,- иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои хориҷӣ.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, зимни он таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба зарурати идомаи ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таҳкими зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ ва энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва таъмини рушди устувори минтақа ҷалб намуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий