Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Ҷомарт Тоқаев суҳбат кард

Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Ҷомарт Тоқаев суҳбат кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон перзиденти нави Қазоқистонро ба муносибати иди Наврӯз шодбош гуфт

 Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Ҷомарт Тоқаев, ки зимоми иҷрои вазифаи президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба ӯҳда гирифт, суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Ҷомарт Тоқаевро ба ин муносибат сидқан табрику муборакбодӣ карда, ба ӯ фаъолияти самарбахшро дар ин маснади сермасъули давлатӣ бар нафъи шукуфоиву пешрафти минбаъдаи Қазоқистони дӯст орзу кардааст.

Роҳбари давлати Тоҷикистон ҷараёни рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Зимнан раисҷумҳури Тоҷикистон ибрози итминон намуда, ки ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба зинаҳои нав хоҳанд баровард.

Дар рафти суҳбат президентҳо мубодилаи табрикот ба муносибати иди хуҷастапайи Наврӯз, ки саршори анъанаҳои созандаи дӯстиву бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар мебошад, анҷом доданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий