Тоҷикистон аз рӯи афзоиши ММД миёни кишварҳои ҳамсуд пешсаф аст

Тоҷикистон аз рӯи афзоиши ММД миёни кишварҳои ҳамсуд пешсаф аст
Тоҷикистон аз рӯи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба сегонаи пешсафи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардидааст 

 Афзоиши аз ҳама зиёди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон бо нишондиҳандаи 7,3%  ба қайд гирифта шудааст.

Аз рӯи афзоиши ММД Туркманистон бо 6,2% дар ҷойи дуюм ва Арманистон бо 6% дар ҷойи сеюм қарор доранд. Тибқи маълумоти ин кумита, афзоиши тахминии ММД дар қаламрави ИДМ 2,2%-ро ташкил медиҳад.

Миёни кишварҳои дорои афзоиши камтари ММД Украина -2,8%, Россия -2,3% ва Озарбойҷон -1,4%   номбар шудаанд.

Илова бар ин, Тоҷикистон аз рӯи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба сегонаи пешсафи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. Тибқи ин нишондиҳанда Ӯзбекистон бо 14,4% дар  ҷои аввал, Тоҷикистон бо 11,8% дар  ҷои  дуюм ва Беларус бо 5,7% дар мавқеи сеюми радабандӣ қарор доранд. Афзоиши камтар дар Россия — 2.9%, Озарбойҷон — 1,5% ва Украина — 1,1% фоиз ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳисоби миёна, афзоиши истеҳсолоти саноатӣ дар кишварҳои ИДМ 2,8%-ро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 ҳаҷми ММД Тоҷикистон 68,8 миллиард сомонӣ ё бештар аз 7,3 миллиард доллари ИМАро ташкил дод. Афзоиши иқтисодиёт аз нақшаи интизории ҳукумат 0,3% барзиёд таъмин гардид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий